АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИҲО ДАР САМТИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

31/10/2019


Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти худро дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ роҳандозӣ намуда, дар даҳ моҳи соли 2019 дар самти муносибатҳои меҳнатӣ 9 маротиба семинар бо иштироки 223 нафар кормандони тарафи 74 муассисаю корхона ташкил ва баргузор намуд.
Ҳамзамон аз тарафи кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кўмаки методӣ ба 170 корхонаи дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ташриф оварда шуд, ки дар рафти он бо ҷалби 268 нафар намояндагони корфармоён ва кормандон масъалаҳои оид ба ҳифзи меҳнат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сардори ШАМША 
дар н.Шоҳмансур 
Сафарзода Ҷ.З.