АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЯК ЛАҲЗАИ БАРГУЗОРШАВИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

21/11/2019


         Дар ҷараёни расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳо баҳри татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ рўзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҶДММ «Барҳ» воқеъ дар шаҳри Ҳисор корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар он бо 13 нафар иштироккунандагон сўҳбатҳо оид ба мазмун ва дастурҳои боби 6-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 66-81-и Кодекси мазкур роҷеъ ба вақти корӣ, давомнокии вақти кории шабона ва вақти кории нопурра баргузор карда шуданд.
 
        Дар давраи то 22-юми ноябри соли равон баъд аз амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Авф» ба Раёсати Агентӣ 25 нафар шаҳрвандони аз ҷазои ҷиноӣ озодшуда муроҷиат карданд. Аз ҷониби Раёсати Агентӣ ба онҳо таҳти мавзўъҳои: соҳиби ҷойҳои корӣ шудан, шуғли расмӣ, оқибатҳои ба шуғли ғайрирасмӣ машғул шудан, омўзиши касбу ҳунар ва оид ба зарурияти риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 15-ум ва 21-уми ноябри соли 2019 сўҳбату машваратҳо доир карда шуданд.
Сардори РАМША ш.Ҳисор
            Ҳ.Раҳимов