АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СЕМИНАРИ ОМУЗИШӢ ОИД БА МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

29/11/2019


    Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  бо мақсади боз ҳам густариш додани самти муносибатҳои меҳнат, ҳифзи меҳнат, ҳимояи хуқуқҳои кормандон ва корфармо дар бораи созишномаҳо, шартномаи коллективӣ, бақайдгирии онҳо ва масъалаҳои ба ин марбут дар байни корхонаҳои ҳудуди ноҳияиҳои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмонададиҳӣ, кумакҳои методӣ ва инчунин семинари омӯзишию фаҳмондадиҳиро мунтазам доир менамояд.
          Бо ин мақсад санаи 29 ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ дар мавзуъӣ “Муносибатҳои меҳнатӣ”, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав инчунин намояндагони зиёда аз 80 ташкилоту корхонаҳои гуногунсоҳа гузаронида шуд.
   Дар маҷмўъ дар ин семинар  зиёда аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо иштирок намудаанд.
    Сараввал муовини диектори Агентӣ Амирбекзода М., минатдории худ ва роҳбарияти Агентӣ мўҳтарам Баротзода Б.,-ро ба ҳамаи меҳмонон ҷиҳати иштироки фаъолона дар семинари омўзишӣ баён намуданд. 
   Сипас вобаста ба чорабнии мазкур баромад намуда қайд карданд, ки имрўз мо бо корфармоён ва шарикони рушд дар чунин ҳайат вохўрӣ дорем ва итминон дорам, ки ҳамкорҳои мутақобилан судманди мо минбаъд боз ҳам тақвият меёбанд ва барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли масоили иҷтимоӣ дар ҷомеа ва вазифаҳои рўзмарраи мо мусоидат менамояд. 
   Масъалаҳои таъмин ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар ҷодаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ҳама ҳуҷҷатҳои стратегии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида ба ҳайси афзалияти асосӣ муайян шудаанд ва ин масъалаҳо мадди назар ва таваҷҷўҳи хоси роҳбарияти давлат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
   Дар ҳамин замина аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзим намудани масъалаҳои марбут ба ҳифзи меҳнат ва рушди устувори шарикии иҷтимоӣ маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва созишномаҳо ба тасвиб расида, феълан мавриди амал қарор доранд.
    Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пеш аз ҳама дар ташаккул додани ҷанбаҳои асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармою корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад, ки ин омилҳо дар болобарии сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим доранд.
    Мусаллам аст, ки масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва вазъи бозори меҳнат ба фаъолияти корфармоён низ қаробати зич дорад, ё ба таври дигар танзими муносибатҳои меҳнати ва талабот дар бозори меҳнат аз ҷониби корфармоён муайян ва амалӣ карда мешавад.
Тавре пештар қайд намудем таъсиси теъдоди ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ омили асосӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар дохили кишвар мебошад.
  Омўзиши вазъи феълии бозори меҳнат нишон медиҳад, ки раванди бокортаъминшавии шаҳрвандони бекор шаклу хусусиятҳои гуногун дорад ва усулҳои маъмули он 1) ин мустақиман таъмин шудан бо ҷойи кор, 2) тавассути эълонҳои васоити ахбори умум, 3) истифода аз махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ дар сомонаҳои интернети ва 4) бо дастгири ва тавсияҳои хешу табор ва наздикон мебошад. 
   Қайд намудан зарур аст, ки дар чунин ҳолати баҳисобгирии дақиқи теъдоди шаҳрвандоне, ки мустақиман бо ҷойи кор таъмин мешаванд аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мушкил мегардад.
   Яке аз омили муҳиме, ки метавонад ин масъаларо танзим намояд ин ба кор қабул кардани кормандон танҳо дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ мебошад, ки ин раванд дар пешгирӣ ва  коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ нақши муҳим дорад.
    Мавриди зикр аст, ки наздик 60,0 фоизи ҷойҳои корӣ таъсисдодашуда ба сектори хусусӣ дахл доранд ва мутаассифона дар ин бахш дар аксар ҳолатҳо кормандон бе бастани шартномаҳои меҳнатӣ ба кор қабул карда мешаванд ва  маҳз дар ҳамин соҳа сатҳи баланди шуғли ғайрирасмӣ ба мушоҳида мерасад ва аз ин хотир баҳисобгирии воқеии кормандони ба кор қабулшуда ва таъмини хизматрасониҳо дар ҷоддаи муносибатҳои меҳнатӣ мушкил мегардад.
   Ҳамзамон сардори Раёсати ҳифзи меҳнати дастгоҳи марказии Агентӣ Мақсатуллозода П., оид ба масъалаҳои набастани шартномаи меҳнатӣ бо корманд, риоя нагардидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманд ва корфармо, бе розигии корманд ба кори дигари доимӣ гузаронидан, изофакорӣ, истифодаи корманд дар рузҳои истироҳат, ид ва корҳои шабона, ба кормандон надодани рухсатиҳои иловагӣ, нагузаштани корманд аз муоинаи тиббӣ, риоя нагаштани қоидаҳои бехатарии меҳнат ва рух додани ҳодисаҳои нохуш, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба оқибатҳои номатлуби шуғли ғайрирасмӣ тибқи муқаррароти моддаҳои 16, 19, 26, 30, 79, 95, 140, 154, 156, 306, 308, 333, 335 ва 342-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
    Вобаста ба масъалаи баррасишуда Ашурализода А., муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ-сардори шуъбаи меъёрбандии музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода М.,-сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ш. Душанбе, Қурбонов А.,- сарнозири меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҳмадзода Ҳ.,- сармутахассиси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимов М.,- сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе фикру ақидаҳои худро баён доштаанд.
     Дар рафти семинар шахсони масъули мақомотҳои болозикр ба савол ва пешниҳодҳои намояндагони ташкилоту корхонаҳо вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ посух гардониданд. 
     Бояд таззакур дод, ки бо мақсади густариш додани самти муносибатҳои меҳнат дар 10-моҳи соли 2019 аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ 423 семинарҳои машваратӣ- омўзишӣ, 336 мизҳои мудаввар, 113 барномаҳои телевизионӣ ва 158 барномаҳои радио баргузор карда шудааст