АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари омўзиши оид ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

13/11/2019


        Дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур семинари омўзишӣ оид ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав рўзи 13-уми ноябри соли равон баргузор гардид. Семинари омўзиширо сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуда қайд кард, ки мувофиқи моддаи 59 дар тартиботи меҳнатӣ, интизоми меҳнат, таъини рушди устувори шарики иҷтимоӣ, бақайдгирии созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, мусоидат ба таъмини саривақтӣ ва пардохти музди меҳнат, мавриди омўзиш ва таҳлил қарор додани мушкилоти рўзмарраи коргару корфармо ва пайдо кардани роҳу воситаи ҳалли он бо машваратҳои дутарафа, маҳс бо ташкил ва баргузории ҷаласаҳои машваратӣ ва семинарҳои омўзишӣ имконпазир мебошад.    
      Ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ин тақвият бахшидани муносибатҳои меҳнатии коргару корфармо ба шумор меравад. Масоили риояи банду бастҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар бораи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд. Мувофиқи моддаи 60 тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он, Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. Рад намудани корманд аз додани баёноти хаттӣ наметавонад барои татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ гардад. Қарорҳои дар боло зикргардида бо фароҳам овардани тартиботи меҳнатӣ ва интизоми меҳнат нигаронида шудааст.
      Доир ба масъалаи мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба мафҳуми моддаи 247 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ» ба кормандони Муассисаи давлатии «Таълимии томактабӣ, ширхоргоҳ - кудакистони №27»-и ноҳияи Шоҳмансур баромад кард. 
      Кормандони хонагӣ шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо - шахси воқеӣ иҷро менамоянд. Қарор дар бораи ба кор қабул намудан ва ё бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ ва маълумот оид ба кори ў дар дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ворид карда намешавад. Муҳлати огоҳии хаттӣ оид ба бекор (қатъ) кардани шартномаи меҳнатӣ, андозаи ҷуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонагӣ дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
      Дар ҳолати риоя накардани талаботи қарорҳои аз тарафи мақомоти болоӣ қабулгардида шароиту имконияти дастгирии синфи коргар ба вуҷуд меояд, ки мақсади ниҳоии давлату ҳукумат дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Чунки боигарии асосии корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ҳам коргарон ва мутахассисони пешбар мебошанд ва дастгирии моддӣ ва маънавии қишри осебпазири ҷомеа вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. 
      Аммо дар баробари дастовардҳои назаррас дар соҳаи меҳнат ва муносибатҳои меҳнатии коргар ва корфармо ҳодисаҳоеро мушоҳида менамоем, ки боиси нигаронии мо мегардад. Яъне бесабаби узрнок ба кор ҳозир нашудан зиёда аз се соат, иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ аз тарафи коргар, расонидани зарари моддӣ ба корфармо, манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷишӣ, ҳангоми қабул ба кор сабаб шуда метавонад, ки шартномаи меҳнатии як тарафа аз тарафи корформо қатъ карда шавад.
ШАМША н. Шоҳмансур