АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иқдоми инсондўстонаи Сарвари муаззам!

12/11/2019


    Мо ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, изҳори сипоси худро бори дигар ба сарвари оқилу доно, инсонпарвар, некхоҳи мардум ва хислатҳои ҳамидаи инсонидошта мерасонем, ки дар арафаи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба имзо расид.
   Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт, ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондўстона ва ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, корҳои муайянеро ба сомон расонид.
    То ба имрўз ба шуъба 22 нафар муроҷиат намуда ба қайд гирифта шудааст.
   Кормандони шуъба бо аҳли ҷамоатчигӣ ва бо кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корбарӣ намуда ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, чораҷўӣ намуда истодаанд.
   Мутобиқи маълумотҳои фаврӣ аз ноҳияи Ашт 43 нафар, ки аз онҳо 5 нафарашон занон мебошанд аз муассисаҳои ислоҳи ҷазоӣ дар вилояти Суғд буда, озод мешаванд.
   Ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти Понғоз бо сарварии раиси ҷамоат Турсунов Бахтиёр ва кормандони шуъба бо шаҳрвандоне, ки аз маҳбас озод шудаанд мулоқоти ошкоро гузаронида шуд. Дар он ҷиҳати пеш аз муҳлат озод шудани як гурўҳ шаҳрвандон суханронӣ карда шуд ва бо вазъи оилаи ҳар як нафар аз маҳбас озодшудагон ба раисони кумитаи маҳаллаҳо барои корбарӣ намудан супоришҳои  мушаххас дода шуд. 
   Дар вохурӣ аҳли оилаи пеш аз муҳлат озодшудагон ба сарвари муаззами миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гуманизм -инсондўстӣ изҳори минатдорӣ намуданд.
Мадаюбова М.А. 
Мутахассиси  шуъбаи 
АМША ноҳияи Ашт