АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омўзиши Паём дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

13/01/2020


      Санаи  10-уми январи соли ҷорӣ тибқи Нақша – чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва МД «Маркази таъдими калонсолони Тоҷикистон» ҷиҳати боз ҳам мукаммал омўхтани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Асосгузорои сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рўзи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, ҷамъомад доир шуд.

    Дар сухани ифтитоҳӣ Амирбекзода Меҳробшо муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба хусусиятҳои хоси Паём, ибрози назар намуданд.

      Аз ҷумла, зикр намуданд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ  баробари таҳлили фаъолияти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ба соҳаи меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ низ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, барои пешрафти соҳа ба масъулин супоришҳо доданд. Қайд гардид, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўйи 97 ихтисос, дар марказҳои таълими калонсолон аз рўйи 166 ихтисос, дар маҷмўъ, аз рўйи 454 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд.

      Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳанандозӣ намоянд.

      Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардид, ки сифати таҳсилот ва касбомўзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳое, ки барои кишвар заруранд, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

       Ҳамзамон дар Паёми имсола ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ дода шуда, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ қабул гардид, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

       Сипас дар ҷамъомад роҷеъ ба фаҳмондани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба Мақсатуллозода П., сардори Раёсати ҳифзи меҳнати дастгоҳи марказии Агентӣ дода шуд.

       Дар баромади худ, Мақсатуллозода П., роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд.

      Бо натиҷагирӣ аз дастуру супоришҳои сарвари давлат дар фарҷоми ҷамъомад Амирбекзода М., зикр карданд, ки Паёми имсола ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамои ҳаёти ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад.

     Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи корҳои минбаъдаи худ дониста, барои иҷрои онҳо саъю кушиш намоем ва барои пешрафту гул – гулшукуфоии Тоҷикистони азизамон ва рўзгори ободу осудаи хеш ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

 

Бахши иттилоотӣ