АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумотнома оид ба гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ҷамоати Навгилем

10/02/2020


        Раёсати  Агентии  меҳнат  ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара санаи 30-юми январи соли 2020 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Исфарангии маркази шаҳр, дар доираи таҷлили Иди Сада  ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд. 

Дар ҷараёни ярмарка, ки 480 нафар сокинони деҳот иштирок карданд, 360 ҷойҳои кории холӣ бо музди меҳнати аз 400 сомонӣ то 2300 сомонӣ пешниҳод карда шуд, 12 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифта, 10 нафар бо кор таъмин гардиданд, 12 нафар ба касбомузӣ ва 20 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ номнавис карда шуданд.

Дар маросими кушодашавии ярмарка муовини раиси ҷамоати деҳоти Навгилем, кормандони масъули раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират баромад карда, оид ба масъалаҳои бо кортаъминкунӣ, ба курсҳои кутоҳмуддати касбомузӣ омода намудани бештари ҷавонон ва шаҳодатномакунонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муҳоҷират ва ҳифзи меҳнат  ҷалби нафарони бекор ва равнақи шуғли хонагӣ, дар байни иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Инчунин, дар доираи ярмарка озмуни атласу адрас ва намоиши маҳсули ҳунармандони мардумӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби мутахссиси шуъбаи Машварати касбӣ ва интихоби касби вилояти Суғд дар шаҳри Исфара бо 12 нафар бекорон пурсишнома оиди касбинтихобкунӣ гузаронида шуд.       

 

Сардори РАМША дар шаҳри Исфара               
               М.Мирзомансурова