АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар - машварат дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

10/02/2020


         Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади татбиқи санадҳои мъёрию ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнати дар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия санаи 5-уми феврали соли 2020 семинар - машварат оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли   2011, №387 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126» ва риояи талаботи моддаҳои 29 - 56-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. 

     Дар вохурии мазкур роҳбарони сохторҳои давлатии  ноҳия, директорон ва раисони иттифоқи касабаи Муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии №1,2,8,12, Муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Марказии хизматрасони дар хона, Ташкилоти вируси норасои масуляти одам, Бахши молиявии ноҳия, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Марказии дарёфти рушд ва истедотҳо, Марказии таҳсилоти иттилоотию коммуникатсионӣ, Ҷамоати деҳоти Шўрообод, намояндаи рўзномаи «Насими Терай» ва ғайраҳо иштирок варзиданд.

        Дар семинар - машварат  Назаров Ш., сармутахасссиси Шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии болозикр ва аз тарафи мақомотҳои давлатии ноҳия риоя намудани талаботи банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2011, №387 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126» ва аз тарафи корхонаву ташкилотҳои давлативу ғайри давлатӣ риоя намудани талаботи моддаҳои 29 - 56-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шартномаи меҳнатӣ» баромад намуда, оид ба моҳияти ин санадҳои ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнати маълумоти пурра дод.    

       Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид мебошад, ки тибқи ваколатҳои ба уҳдатоштаи мақомоти Агентии ноҳия мутасадиёни самти меҳнат дар давоми моҳи январи соли 2020 ба  31 адад корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон ташриф оварда доир ба талаботи санадҳои мъёрию ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадихӣ гузаронида кўмакҳои методию амалӣ расонидаанд. 



 Мутахассиси пешбари

 Раёсати ҳифзи меҳнат

 Абдураҳмонова М. Г.