АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кумаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои давлатии шаҳри Ҳисор

10/02/2020


Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор бо мақсади татбиқи меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнатӣ дар ташкилоту корхонаҳои давлатӣ  санаи  6 феврали  соли 2020 ҷиҳати расонидани кўмаки методию амалӣ бо кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Ҳисор баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №1126  “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
 Дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ  кормандони Раёсати Агентӣ аз тартибии истифодаи ҷадвали ягонаи тарифӣ пардохти музди меҳнат   ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ бархурдор гардиданд.

      Сардори Раёсати Агентии меҳнат        
       ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор                                
                           Ҳ. Раҳимов