Паёми роҳнамунсоз


Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ҳамаҷониба таҳлил шуданд. Пешвои миллат дурустӣ, воқеӣ ва судовар будани сиёсати дарҳои кушодаро, ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир мебошад, таъкид карданд. Зеро ин сиёсат тавонист, ки доираи шарикони стратегиро афзоиш дода, барои таъмини фаъолнокии кишварамон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоидро фароҳам оварад.

Тавре ҳамагон шоҳидем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат дастовардҳои солҳои охири мамлакат мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои наздик ва афзалиятҳои сиёсати минбаъда мушаххас баён гардидаанд. Пешвои миллат аз баланд бардоштани маоши кормандони буҷетӣ, хидматчиёни ҳарбӣ, нафақагирон ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ҷиҳати некуаҳволии мардум башорат доданд. Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори он аз ҷониби сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.  Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин боб табиат ба Тоҷикистон манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунанда ато кардааст. 

Президенти мамлакат дар баромади хеш доир ба дастовардҳо дар тўли 26 соли Истиқлолият, се ҳадафи стратегии мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин рушди соҳаҳои маориф, илм фарҳанг, меҳнат ва шуғл суханронӣ намуданд.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои миёнаравӣ барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва як қатор тадбирҳои мушаххас барои  касбомўзии ҷавонон ва калонсолон диққати махсус дода истодааст, то ки дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ барои пешрафти ҷомеаи имрўза саҳми босазои худро гузорад.

Аз ин хотир рўзи 31 январи соли 2018 дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омўзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки  намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон гузаронида шуд. 

Шуъбаи ҳуқуқи
дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва
шуғли аҳолӣ