АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳифзи меҳнат дар корхонаву ташкилотҳо ва таъмини шуғли аҳолии шаҳрвандон

19/02/2018


Санаи 1 – уми ноябри соли равон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо аз ҷаласаи Ҳайати мушовраи вазорат (19 апрели соли 2017) бо мақсади ташкил ва баргузор намудани мулоқот бо корфармоён дар шаҳри Душанбе  ҷиҳати таъмини ҳифзи меҳнати кормандон дар корхона, ташкилот ва муассисаҳо аз ҷумла, бастани созишнома, шартномаҳои коллективӣ, меҳнатӣ, ташкил намудани хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат, коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ, бо кортаъминкунии шаҳрвандони бекор, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, ташкил намудани таҷрибаомӯзии касбомӯзон, таъсис додани марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мизи мудаввар ташкил ва баргузор намуд.      

Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва зиёда аз 30 намояндагони корхона ва ташкилотҳои калони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Чорабинии зеринро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонов Б.М. ифтитоҳ намуда, сараввал ҳозиринро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандон барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуд.


Сухан ба муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонов Ниёз дода шуд, ки дар баромади худ номбурда нақши корфармоён дар муътадил намудани бозори меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ дар навбати аввал истода, изҳор гардид, ки ин нуқтаро дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф намудаанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки фаъолияти сохтори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоёнро ҳамоҳанг сохта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 Қонун ва 2 Стратегияи давлатӣ дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ амал намуда, дар асоси ҳар кадоми онҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёд низ ба имзо расонида шудаанд. Ҳамчунин   Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва касбомӯзии бекорон диқкати махсус зоҳир намуда, дар назди мақомотҳои дахлдори ваколатдори давлатӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дастуру супоришҳои мушаххас гузошта буданд. Бинобар ин моро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат чораҳои зарурӣ андешида, нишондиҳандаҳои дилхоҳ ба даст орем. 
Сипас Сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Куканов П.М., қайд намуданд, ки яке аз вазифаҳои самти фаъолияти сохторҳои Агентӣ расонидани кӯмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди  вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ  ба ҳисоб меравад. 
Аз иштироккунандагони мизи мудаввар хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо бо сохторҳои Агентӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо мақсади расонидани кӯмаки методӣ ба ташкилоту корхонаҳо ҳамкориро боз ҳам дучанд намояд. Зеро фақат дар якҷоягӣ мо метавонем ба як дастовардҳои хуб дар самти мазкур ноил гардем.
Яке аз масъалаҳои асоси барои таъмини ҳифзи меҳнати кормандон дар ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ин бастани созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаи  меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.  
Тибқи маълумотҳои дастрашуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2017, шумораи умумии корхона, ташкилот, муассиса ва субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият дар миқёси ҷумҳурӣ 86144 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 35911 адад ташкилоту корхонаҳое мебошанд, ки шумораи кормандонашон аз 5 нафар зиёд мебошад.  
Инчунин, аз намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар самти меҳнат мебошанд хоҳиш карда шуд, ки намунаи нави Созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ (ки бо  қарори собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007,№34) инчунин Дастурамали тартиби сабтиномкунӣ (ки бо фармоиши якҷояи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  аз моҳи августи соли 2010, № 82 тасдиқ шудааст) аз сари нав таҳия ва тасдиқ намоянд, зеро намунаи созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва дастурамали сабтиномкунӣ  ба талаботи имрӯза  ҷавобгӯ намебошад.
Масъалаи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту корхонаҳои миқёси ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки бояд ба он тавваҷуҳи хоса назар кард.     
Тавре аз маълумотҳо бармеояд маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои қабли дар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2017, 49832,8  ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 (21876,8 ҳазор сомонӣ буд) 27956,0  ҳазор сомонӣ ё 56,0 фоиз зиёд гардидааст. Аз ҷумла, дар ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе 1млн. 681 ҳазор сомонӣ қарздори аз музди меҳнат мавҷуд мебошад.
Сабаби зиёд гардидани қарздории музди меҳнат ин муфлисшавӣ, аз фаъолият боз мондан, барҳам хурдани корхонаҳо инчунин иҷро нагардидани буҷети баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, аз намояндагони ташкилоту корхонаҳо хоҳиш карда шуд, ки дар масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи меҳнати кормандон дар ташкилот аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилот таҳия гардида, бо қарори Ҳайати мушовараи вазорат аз  «28» августи соли 2014 №  17  тасдиқ карда шуд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнат ва таъсис додани иттифоқҳои касаба дар ташкилоту корхонаҳоро маъмурият, кумитаи иттифоқҳои касаба ва ё намояндагони кормандон ҳаллу фасл менамояд. 
Бинобар ин аз намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва ташкилоту корхонаҳо хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамкори бо сохторҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкори намуда,  мизҳои мудаввар ва семинар-машваратҳо баргузор намоянд.
Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон қайд намуданд, ки ҳамасола аз ҷониби мутахассисони дастгоҳи марказии Вазорат дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва нозирони меҳнат иҷроиши талаботи моддаҳои Кодекси меҳнати ҶТ - ро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва дар ҷаласаҳои Ҳайати мушовараи Вазорат баррасӣ менамоянд.
Таи солҳои охир вобаста ба ин масъалаҳо аз ҷониби Раёсат се масъалаи муҳим мавриди таҳлил қарор дода шудааст ва ин пеш аз ҳама оид ба фаъолияти ситодҳои маҳаллӣ дар хусуси коҳиш ва бартараф сохтани қарздории музди меҳнат, иҷроиши талаботи моддаҳои 154 ва 156 Кодекси мазкур оид ба изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат, ид ва иловапулии кори шабона мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти ситодҳо на онқадар хуб ба назар мерасанд. Иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на аз ҷониби ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва на аз ҷониби ситодҳои кори таъсисдодашуда иҷро мегардад, аз ҳамин лиҳоз ба ҳолати имрӯза қарздории музди меҳнат зиёда аз 50 млн. ва қарзи муассисаҳои буҷетӣ на кам аз 11 млн. сомонӣ мебошад.
Талаботи моддаҳои 154 ва 156 Кодекси мазкур оид ба изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат, ид ва иловапулии кори шабона низ қисман аз ҷониби корфармо иҷро намегардад.
Бинобарин аз намояндагони ташкилоту корхонаҳо хоҳиш карданд, ки талаботи моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки яке аз санадҳои асосии танзимкунандаи масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳисоб меравад дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.
Ҳамчунин намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро дар ин ҷода иброз намуданд.
Пас аз баромади аҳли раёсат ба мулоқоти озод бо корфармоён гузашта шуда, оиди мушкилиҳои самти кориашон ва масъалаҳои ҳалталаб таклифу саволҳои худро пешниҳод намуданд. 
Дар охир Абдураҳмонов Б.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо корфармоён идома медиҳанд.
Шуъбаи музди меҳнат ва
сатҳи аҳолии зиндагии
Раёсати ҳифзи меҳнати
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ