АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар ноҳияи Шаҳринав

22/04/2020


Аз тарафи Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав санаи 17 апрели соли 2020 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ироа гардида буд, оид ба масъалаҳои сиёсати шуғл ва саросар ба касбомўзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, дар назди муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода баҳри бо кори доимию мавсимӣ таъмин кардани шаҳрвандони бекор ва корҷў, ба касбомўзӣ ҷалб намудани аҳолии бешуғл ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ин ярмарка 9 корхонаву ташкилот иштирок намуданд, 111 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 123 нафар шаҳрвандони корҷўй иштирок намуданд, ки аз ин ҳисоб 84 нафар зан ва 72 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз тарафи шуъба ба 13 нафар роҳхат бо ҷои кор дода шуда, 15 нафар барои касб омухтан аз рўи ихтисоси оператори МЭҲ дар Маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе номнавис карда шуданд.

Дар маросими кушодашавии ярмарка сардори шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Ҷамолов А., сардори бахши муҳоҷират Бобоев М., намояндагон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш оид ба масъалаҳои бокортаъминкунӣ, касбомузӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муҳоҷират ва ҳифзи меҳнат сухан ронданд.

Инчунин, дар ин ярмарка маҳсули хатмкунандагони курсҳои кутоҳмудати дузандагӣ ва кулолгарӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

 

 

ШАМША дар ноҳияи Шаҳринав