АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ

05/05/2020


        Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва гузаронидани семинар- машваратҳо  дар бораи қонунгузории меҳант ва ўҳдадориҳои корманду корфармо яке аз самтҳои  афзалиятноки шуъба ва бахшҳои  Агентии меҳант ва шуғли аҳолӣ  дар ВМКБ ба ҳисоб рафта  дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон мусоидат намуда истодааст.
      Бо мақсади фаҳмонидани риояи талаботҳои кафолати ҳуқуқи корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар доираи талаботи  Кодекси  меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон    сухбати кормандони  шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ванҷ бо  сохтмончиёни Боғчаи бачагони ноҳияи Ванҷ, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии                 Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Истиқлол»  барои 200 хонанда бунёд  гардида истодааст доир гардид. Дар сохтмони иншооти  мазкур 27 нафар шаҳрванди бекоре, ки аз муҳоҷирати меҳнати аз Руссияи баргашаанд ҷалб гардидаанд.
      Ҳангоми суҳбат  Миров М.- сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар ноҳияи Ванҷ  ба сохтмончиён талаботи моддаи 341 «Ҳуқуқи корманд ба суғуртаи иҷтимоӣ» -и  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   тавзеҳ дода,  зикр намудаи, ки моддаи мазкур  корфарморо ўҳдадор намудаст, ки ҳамаи корманднро  дар асоси   тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирад. Меъёрҳои ҳуқуқии дар моддаи 342 –и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар менамоянд, ки  корфармо  сабабҳои ҳодисаҳои нохушро дар  истеҳсолот фавран санҷиш намуда,   санад мувофиқи намунаи муқарраршуда тартиб дода, ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро ба қайд гирифта, бо талаби ҷабрдида нусхаи санади  ҳодисаи нохушро на дертар аз се рўзи баъд аз анҷоми санҷиш ба ў диҳад. Дар ҳолати корфармо аз тартиб додани санади ҳодисаи нохуш саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади ҳодисаи нохуш нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд муроҷиат намояд.
      Зимини корҳои фаҳмондадиҳӣ талабоҳои моддаи 343 «Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани  саломатӣ ё фавти корманд», ва моддаи 344. «Кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат»-    Искандаров Фирдавс  - муҳнадиси ҶДММ «Истиқлол»   баромад намуда, иброз намуд, ки дар  ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз ҷониби корфармо бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат  таъмин  гардида, кормандон   қоидаҳои техникаи бехатариро  риоя намуда истодаанд.
 Раёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ