АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РЎЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ:

06/05/2020


      Ҳамасола санаи 28 апрел дар ҷаҳон рўзи умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат ҷашн гирифта мешавад. Бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат аз соли 2003 ин ҷониб дар бештар аз 100 давлати чаҳон рўзи умумиҷаҳонии меҳнат қайд карда мешавад. 
      Ташкилоти байналмиллалии меҳнат аз соли 1919 то ин ҷониб беш аз 170 Конвенсияҳо қабул намудааст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқу ўҳдадориҳои корфарморо ва кормандро муаяйн намудааст. 
       Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи дохил шудан ба Ташкилоти байналмилалии меҳнат 46 конвенсияи ТБМ-ро қабул намудааст, ки аз онҳо 28 Конвенсия оид ба ҳифзи меҳнат мебошанд.
    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пеш аз ҳама дар ташаккул додани ҷанбаҳои асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармою корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад, ки ин омилҳо дар болоравии сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим доранд.
      Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар самти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ба роҳ монда, давоми семоҳаи якуми соли 2020 мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентӣ ба 942 адад корхона, муассиса ва ташкилотҳои гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда ба 3442 нафар кормандони онҳо вобаста ба масъалаҳое, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд кўмаки методию амалӣ   расонида, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
   Дар ин давом, аз тарафи мутасадиёни самти меҳнат дар миқёси ҷумҳурӣ 142 маротиба семинарҳои машваратӣ, омўзишӣ, дастурдиҳӣ, 101 маротиба мизҳои мудаввар, 17 баромад дар барномаҳои телевизионӣ ва 26 баромад тариқи радио, ки дар ҳамаи онҳо 1544 адад корхона, муассиса, ташкилот, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки 6129 нафар намояндагии онҳо ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин 17 мақола дар рўзномаву маҷаллаҳои даврии миқёси ҷумҳурӣ ба нашр расидаанд.
Сармутахассиси Раёсати ҳифзи меҳнат                                   
           Давлатов С.