АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони кироя

01/06/2020


    Иттифоқҳои  касаба яке аз ташкилотҳои бонуфузи кормандон ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии онҳо фаъолият мекунанд. Дар ҷамъияти демократӣ онҳо дар ҳаёти кормандон нақши муайянеро мебозанд. Ин дар мавҷуд будани моликияти ҷамъиятӣ, набудани рақобати синфҳо, кафолати давлатии кормандон бо дастовардҳои демократиашон зоҳир гашта, манфиатҳои давлат ва кормандонро муттаҳид мекард.
Ҳамаи чорабиниҳои илмӣ - техникӣ, ташкилӣ ва тарбиявии давлат ва корхонаҳо аз тарафи иттифоқхои касаба дастгирӣ меёфт. Иттифоқҳои касаба дар сафи худ ҳамаи кормандонро муттаҳид намуда, барои ҳамин аз ҳама ташкилоти ҷамъиятии оммавӣ ва бонуфуз ба ҳисоб меравад.
       Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ ҷамъиятро ба соҳибмулкон (корфармоён) ва коргарони кироя тақсим мекунад. Ҳар яке аз ин гуррўҳо  манфиатҳои худро доранд: корфармоён кушиш мекунанд, ки рақобатпазир бошанд ва ҳарчи бештар фоида ба даст оранд; коргарони кироя кушиш мекунанд, ки мувофиқи шартнома бо маъмурият корро миқдоран ва сифатан иҷро намуда,  музди меҳнати арзанда гиранд. 
     Ягона ташкилоти ҷамъиятие, ки бояд манфиати коргаронро ҳимоя кунад, иттифоқҳои касаба мебошад. Фаъолияти амалии иттифоқҳои касаба  вобаста ба талаботи замони муосир ба таҷдид ниёз дорад. Бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳам аксарияти кормандони соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ аъзоёни иттифоқи касаба мебошанд ва масъалаҳои зиёди ҳалталаб оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии худро доранд. Ба онҳо дохил мешавад, афзоиш ва сари вақт пардохт гардидани музди меҳнат, пардохти ёрдампулиҳо, шароит ва ҳифзи меҳнат ва ғайра.
Бисёр тадқиқотҳо нишон доданд, ки иттифоқҳои касаба дар  баландшавии ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот мусоидат менамоянд.
    Ҳуҷҷати асосии оид ба муносибатҳои байни коллективи кормандон ва маъмурияти корхонаҳо (ширкатҳо),  шартномаи коллективӣ мебошад. Дар ин санади меъёри ҳуқуқӣ  ҳамаи шартҳои ба тариқи музокира ба даст омадаи тарафҳо, ки  ба манфиати онҳо равона гардидаанд, ифода меёбад. 
    Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти бақайдгирандаи шартномаҳои коллективии ба имзорасида мебошад, ки дар баробари ин тавассути амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро оид ба зарурат ва манфиати ба имзорасонии ин санад огоҳ намуда, тавсияҳо медиҳанд. Ба манфиати кор аст, агар кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба ҳамчун нозирони ҷамъиятӣ дар амали намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ҳамкориро бо мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ ҷоннок намоянд. 
         
Бахтовари Ҷурахон
мутахассиси пешбари шуъбаи
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ