АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шуғли бақайдгирфтанашуда (ғайрирасмӣ) ва оқибатҳои манфии он дар ҷомеа

01/06/2020


      Доир ба дарки мазмуну моҳияти шуғли ғайрирасмӣ сараввал мафҳуми худи шуғл ва доираи фарогирии онро бояд донист. Қонунгузор доир ба мафҳуми шуғл дар банди 76 моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016, №1329 ва сархати 6 моддаи 1 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат бо шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003, №44 муқаррар намудааст, ки чунин аст. Шуғл ин ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад. Масалан шуғли оҳангарӣ, кафшергарӣ, барқчӣ ва ғайра, хилофи қонунгузорӣ набуда, балки ҳамчун манбаи даромади зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Аммо бояд қайд кард, ки кирдорҳое ҷой дорад, ки на ҳамчун шуғл ба мисли авбошӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, балки кирдорҳои хилофи қонун ба шумор рафта, содир намуданашон боиси ба миён омадани ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузор мегардад.  Дар радифи шуғли расман бақайдгирифташуда ҳамзамон шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) низ дар ҷомеа ҷой дорад, ки ин падида ҳам ба давлат ва ҳам ба ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ба шумор меравад. Зеро бахши ғайрирасмӣ бевосита ҳам ба шуғли аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти мамлакат дар умум таъсири манфӣ расонида, ба ҷузъи мустақили бозори меҳнат табдил ёфтааст. Падидаи мазкур дар ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳони ҷой дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъе аз он аст. Корҳои таҳқиқоти ва пажeҳишҳо доир ба ҳудудҳои шуғли ғайрирасмӣ ба андозаҳои зиёд дар Тоҷикистон дар натиҷаи таҳқиқоти қувваи корӣ дар солҳои 2004, 2009 ва 2016 гузаронидашуда нишон дода шудааст, ки хушбахтона бо андешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи ҳукумати мамлакат сол то сол сатҳи шуғли ғайрирасмӣ коҳиш ёфта истодааст.
     Мувофиқи нишондоди таҳқиқоти қувваи корӣ дар соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ 29,4 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2009 (53,8 фоиз) 24,4 фоиз коҳиш ёфтааст.
     Шуғли ғайрирасмӣ ба чунин оқибатҳои манфӣ дар ҷомеа оварда мерасонад:
- нафароне, ки ба шуғли ғайрирасмӣ машғулан аз таъмини системаи устувори ҳифзи меҳнат бебаҳра мемонанд;
- роҳ додан ба шуғли ғайрирасмӣ ба мукамалнамоии сиёсати андоз таъсири бад мерасонад, яъне ба низом даровардани раванди шуғли ғайрирасмӣ ба сифати яке аз сарчашмаҳои нави андозбандишаванда баромад намуда, боиси ғанӣ гардидани буҷет мегардад;
- шуғли ғайрирасмӣ дар таъмини шаҳрвандон ба ҳифзи иҷтимоии арзанда дар шароити пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, таъсири бад мерасонад;
- мавҷудияти шуғли ғайрирасмӣ ба ташакули дурусти механизми баҳисобгирии воқеии ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнат монеагӣ эҷод мекунад;
- ба расмият даровардани шуғли ғайрирасмӣ, боиси сарфа гардидани маблағгузории иловагии воситаҳои буҷетӣ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ мегардад.
     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлати дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бо мақсади ошкор ва бартарафсозӣ, инчунин муайян ва аз байн бурдани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои давлатӣ дар ин самт, ташкили корҳои маълумотдиҳӣ ба аҳолӣ доир ба оқибатҳои манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, Барнома оид ба паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2019-2023 аз 30 августи соли 2019, №439 қабул намудааст, ки мақсади асосии Барнома аз баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои меҳнатӣ, васеъ намудани имконият ба шуғли аҳолӣ, амалигардонии сиёсати ҳадафмандонаи давлатӣ барои кам намудани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.  
      Барои ошкор, бартарафсозӣ ва кам кардани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар шаҳри Роғун қарори раиси шаҳр «Дар бораи иҷрои Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар шаҳри Роғун барои солҳои 2019-2023» таҳия шуда, дар асоси он комиссияи байниидоравӣ ва нақшаи амалигардонии он тасдиқ шуд.  Ҳадаф аз ин кам кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)   дар шаҳри Роғун мебошад. 
            Мутахассиси пешбари  Раёсати 
            Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 
                       дар шахри Роғун
                       Гиёев Исматулло