Мизи мудаввар дар мавзӯи "Муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ"


Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Пайёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 ба маҷлиси олӣ оиди масълаҳои самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла, зиёд намудани музди меҳнат ва бартараф намудани  қарздорӣ дар корхона, ташкилот ва муассисаҳо, коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, пешниҳоди ҷойҳои кори холӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор, ташкил намудани таҷрибаомӯзии касбомӯзон, таъсис додани марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бармеоянд, санаи 21 феврали соли 2018 дар бинои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи муддавар доир гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 60 адад  корхона ва муассисаҳои гуногунсоҳаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ роҳбари гуруҳи барномасозӣ Ибодуллоев М., суханронӣ намуда, оиди барномаи интерактивии хизматрасониҳои меҳнатӣ гуфта гузашта, сомонаи www.kor.tj -ро ки дар таҳияи нав омода гардида ва ба таъмини дастраси ҳамешагии захираҳои меҳнатӣ ва қуваҳои кори равона гардидааст, муъарифӣ  намуд, ки қабули ҳамаи иштирокунандагон гардид.

Шуъбаи музди меҳнат
 
Таъсискунанда барномасоз Зардаков С.