АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҚОЛА ОИДИ ҲУҚУҚҲОИ АСОСИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ОНҲО ДАР КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲО ВА

17/06/2020


      Дар ноҳияи Шаҳринав иттифоқҳои  касаба  ва  иттиҳодияҳои  онҳо  ҳуқуқҳои  меҳнатии  аъзои худро   ҳимоя  намуда,  дар  таҳияи  сиёсати  давлатии  шуғли  аҳолӣ  ширкат  варзида,  оид  ба  ҳифзи  иҷтимоии  шахсоне,  ки  бинобар  ихтисор  шудани  кор  ё  тағйир  ёфтани  шароити  меҳнат   аз  корхона  аз  кор  озод  мегарданд,   мутобиқи   қонунгузории   Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  созишномаҳо   ва  шартномаҳои  коллективӣ   таклифҳо  пешниҳод  менамоянд.
      Иттифоқҳои  касаба  ва  иттиҳодияҳои онҳо  ҳуқуқҳои  меҳнатии  шаҳрвандон – аъзои  иттифоқи  касабаро  ҳангоми  бастан  ё  қатъ  намудани  шартномаи   (қарордоди)  меҳнатӣ  ҳифз  мекунанд,  дар  якҷоягӣ  бо  корфармо  шахсони  нав  ба  кор  қабулшударо  бо  мазмуни  созишнома  ва  шартномаи  коллективӣ  ва  ҳуҷҷати  таъсисии  шахси  ҳуқуқӣ  шинос  менамоянд.
     Дар  сурати  номувофиқии  шартномаи  (қарордоди)  меҳнатӣ  ба  қонунгузории  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ва  созишнома  ва  шартномаи  коллективӣ  иттифоқҳои  касаба  ҳуқуқ  доранд  аз  корфармо  тағйир  додани  шартҳои  шартномаи  (қарордоди)  меҳнатиро  ба  манфиати  корманд – узви  иттифоқи  касаба  талаб  намоянд.
    Барҳамдиҳӣ   ё   азнавташкилдиҳии   корхонаҳо  ва  қисмҳои  таркибии  сохтории  онҳо,  қисман  ё  пурра  боздоштани  истеҳсолот  бо  ташаббуси  корфармо,    соҳибмулк   ё   мақомоти  идоракунии  ваколатдори  он,  ки  боиси  ихтисори  ҷойҳои  кор  ё  бадшавии  шароити  меҳнат  мегарданд,  метавонад  танҳо  дар  ҳолати  пешакӣ  огоҳ  намудани  (тибқи  талаботи Кодекси  меҳнати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон)  иттифоқҳои  касабаи  дахлдор  ва   гузаронидани  гуфтушунидҳо  оид  ба  риоя  намудани  ҳуқуқу  манфиатҳои  шарҳвандон  амалӣ  гардонида мешавад. Доир ба   ҳуқуқҳои асосии иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи онҳо аз тарафи мутахассиси самти меҳнати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар ноҳияи Шаҳринав дар корхонаву ташкилотҳо, хоҷагиҳои ноҳия аз ҷумла Муассисаи давлатии хоҷогии ҷангали ноҳия, КТ «И.Ҳамзаев», Шуъбаи маорифи ноҳия, ХД «И.Меликмуродов»                Беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки бевоситаи Раисони кумитаи иттифоқи касабаи ва кормандони мазкур дар соли ҷорӣ корҳои фаҳмондадиҳи, ва кўмаки методи расонида шуд.
          
            ХУДОЙБЕРДИЕВ. А 
Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва
    шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳринав