АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касаба яке аз самтҳои фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ»

19/06/2020


      Яке аз ваколатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти меҳнат ин ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  дар самти ҳаллу фасли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ба шумор меравад.
       Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди устувори шарикии иҷтимоӣ тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо сохторҳои Агентӣ бо намояндагони иттиҳодияи  минтақавии  иттифоқҳои   касабаи   байнисоҳавӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхона, муасисса ва ташкилотҳо ҳамкориҳои судманд доранд. 
      Лозим ба ёдоварист, ки иттифоқи касаба - ташкилоти  ҷамъиятии  ихтиёрие  мебошад,  ки шаҳрвандонро  аз  лиҳози  манфиатҳои  умумӣ  дар  соҳаҳои  фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои  ҳифзи  ҳуқуқҳои  меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд.
       Шаҳрвандон барои ҳимояи манфиатҳои худ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ, бе иҷозати  пешакӣ ташкилоти иттифоқи касаба таъсис диҳанд, бо шарти риояи оиннома (низомнома) ба иттифоқи  касаба  дохил ва аз он хориҷ шаванд.  Инчунин шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар корхонаҳо, агар дар онҳо на камтар аз се нафар муттаҳид шуда бошанд, ташкилотҳои иттифоқи касаба таъсис диҳанд.
    Бояд қайд намуд, ки асоси ҳамкорҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иттифоқҳои касаба ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кўмаки методию амалӣ ба корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар бобати баимзорасонии шартномаи коллективӣ ба ҳисоб меравад. 
       Шартномаи коллективӣ ин худ як санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро дар ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон дар асоси Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқи касаба», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
       Мақсади бастани шартномаи коллективӣ дар  корхона, муассиса ва ташкилотҳо ин баланд бардоштани сатҳи кафолатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон дар қиёс ба ҳадди ақали кафолатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоие, ки асноди қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро танзимкунанда муқаррар намудаанд, иборат мебошад.
       Шартномаи коллективӣ дар корхона, муассиса ё ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият баста мешавад. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.
     Хотиррасон менамоем, ки корхонаю ташкилотҳое, ки фикри ташкил намудани дастаҷамъии кормандонашонро ба воситаи бастани шартномаи коллективӣ доранд, метавонад дар ин бобат ба мутасаддиёни самти меҳнати сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гирифтани маълумот ва дастрас намудани намунаи шартномаи коллективии тасдиқшуда муроҷиат намоянд.
       Тибқи моддаи 306-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективиро дар корхона ё ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ва корфармо қабул менамоянд.
       Аз ин хотир, ҷиҳати баимзорасонидани шартномаи коллективӣ дар корхонаю ташкилотҳо таъсис додани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар онҳо зарур мебошад. 
 Мувофиқи таҳлилҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълум гардид, баъзе аз корхонаю ташкилотҳои шакли хусуси доштае, ки аз рўи шумораи кормандонашон ҳуқуқи таъсис додани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ва баимзорасонидани шартномаи коллективиро доранд, моҳияти иттифоқи касабаро дарҷ накарда таъсис додани дастаҷамъии кормандонашонро (яъне баимзорасонидани шартномаи коллективиро) ихтиёри мешуморанд. Аз ин лиҳоз, дар байни корфармо ва  намояндагии кормандон баимзорасонидани чунин санади меъёрии ҳуқуқиро зарур намешуморанд.
     Бинобар ин сабаби асосии баимзонарасонидани шартномаи коллективӣ дар баъзе аз корхонаю ташкилотҳо ин набудани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар онҳо гардидааст. 
    Доир ба моҳияти иттифоқҳои касаба ба маълумоти корфармоён мерасонем, ки иттифоқҳои касаба кўшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд.
      Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба моҳияти кор намудани кормандони корхонаю ташкилотҳо бо баимзорасонидани шартномаи коллективӣ ва дар ин замина зиёд намудани шумораи шартномаҳои коллективии баимзорасида,  аз тарафи сохторҳои Агентӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандози шуда истодааст.
      Бо мақсади таъмини рушди шарикии иҷтимоӣ дар ҳамаи вохўриҳо бо корфармоён ва дигар чорабиниҳо аз қабили, мизҳои мудавар, семинарҳои машваратӣ, омўзишӣ ва дастурдиҳие, ки аз тарафи сохторҳои Агентӣ бо иштироки кормандони корхонаю ташкилотҳои давлатию хусуси баргузор менагардад, ҳатман роҳбарон ва намояндагони иттифоқҳои касаба даъват гардида, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои меҳнати иброз менамоянд. 
       Дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 сохторҳои Агентӣ дар асоси Нақша - чорабиниҳои тасдиқшуда дар миқёси ҷумҳурӣ ба 1508 адад корхона, муассиса, ташкилот ва субектҳои хоҷагидори гуногунсоҳаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда ба 5455 нафар кормандони онҳо доир ба татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муносибатҳои меҳнати ва сатҳи зиндагии аҳолӣ кумаки методӣ расонида ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.  
      Дар давраи мадди назар бо мақсади рушди устувори шарикии иҷтимоӣ тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, қарордодҳои меҳнатӣ, бақайдгирии саривақтии созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ва пардохти саривақтии он, пешгири намудан аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, фаҳмонида додани ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва корфармоён, инчунин доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаби самти меҳнат, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти меҳнат бармеоянд аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ВАО дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмўъ 425 маротиба вохўриҳо, аз ҷумла, 205 маротиба семинарҳои машваратӣ, омўзишӣ, дастурдиҳӣ, 154 маротиба мизи мудаввар, 66 маротиба баромад дар ВАО (21 маротиба баромад дар барномаҳои телевизионӣ ва 45 маротиба баромад тариқи радио), ки дар ҳамаи онҳо 2389 адад корхона, муассиса, ташкилот ва субектҳои хоҷагидор, шарикони иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ бо иштироки 9140 нафар намояндагии онҳо ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин 40 мақола дар рўзномаву маҷаллаҳои миқёси ҷумҳурӣ ба нашр расид. 
       Бояд гуфт, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида 25 мавод  дар сомонаи WWW. Kor.tj  ва дигар сомонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ низ ҷой дода шудааст. 
      Ваколати дигаре, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар самти меҳнат амали менамояд ин аз тарафи Раёсат, шуъба ва бахшҳои он бақайдгирии   шартномаҳои коллективии баимзорасонидаи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо мебошад.
       Дар ин раванд ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи корхонаҳо ва  ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо бо сохторҳои Агентӣ бояд тибқи моддаи 315-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои коллективии баимзорасидаи худро дар давоми даҳ рўзи баъд аз имзо шуданашон бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақомоти дахлдор оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ фиристанд. 
      Дар навбати худ бақайдгирии шартномаҳои коллективии баимзорасидаи субъектҳои хоҷагидори  ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо аз тарафи сохторҳои таркибии Агентӣ тибқи муқаррароти “Дастуруламали тартиби бақайдгирии огоҳонии созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ” ба роҳ монда шуда, ин шартномаҳо дар  “Китоби намунаи ягонаи бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ”  бақайд гирифта мешаванд.  
      Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои худ минбаъд низ ҳамкориро бо Федерасияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди шарикии иҷтимоӣ чораҳои заруриро меандешанд.
Зубайдулло Иброҳимзода – муовини 
сардори    Раёсати    ҳифзи    меҳнати 
Агентии    меҳнат    ва   шуғли  аҳолӣ