АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вазъи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор дар ноҳияи И.Сомонӣ

22/06/2020


    Сатҳ ва сифати таҳсилот ва таълими касбӣ омили асосии бокортаъминшавии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани рушди босамари касбии захираҳои меҳнатӣ  мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №373, аз 1 августи соли 2008 “Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор” ба тасвиб расидааст. Қоидаҳои мазкур бо мақсади таъмини рушди захираҳои меҳнатӣ ва танзими босамари ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор таҳия гардидааст.
     Бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор ва корҷўй, ки бо сабаби надоштани ихтисоси зарурӣ ё гум кардани малакаи касбӣ дарёфт намудани кори мувофиқ ба онҳо имконнопазир гаштааст, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони хоҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ  доштаро, ки дорои малакаи касбӣ ва ихтисос намебошанд ё мехоҳанд ихтисоси худро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат тағйир диҳанд, фаро гирифта мешаванд.
     Касбомӯзии шаҳрвандони бекор тавассути марказҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
      Баъди хатми курси тайёрии касбӣ ё бозомўзӣ шаҳрвандони бекор вазифадоранд, ки барои таъминшавӣ бо кор дар мӯҳлати 10 рўз ба мақомоти маҳаллии шуғли аҳолии ба курс роҳхатдода муроҷиат намояд.  
     Бо назардошти он ки самти касбомӯзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамасола андешида мешаванд.
     Дар соли 2020 дар натиҷаи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи И.Сомонӣ фарогирии 500 нафар шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ пешбинӣ шудааст.
     Касбомӯзии шаҳрвандони бекор аз рӯи 15 намуди касбу ихтисосҳо тавассути марказҳои системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаш моҳи соли 2020 дар самти касбомўзӣ ва бозомўзии шаҳрвандони бекор 232 нафар шаҳрвандони бекорро ба касбомузӣ сафарбар намуд, ки аз онҳо 192 нафарро занон ва 161 нафарро ҷавонони аз сини 16 то 29 сола ташкил медиҳанд. 
     Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба фарогирии шаҳрвандони бекор ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ таваҷуҳи бештар зоҳир гардид. Дар ин давраи баррасишаванда ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ 130 нафар (56 фоиз аз шумораи умумии ба касбомузӣ сафарбаршудагон) сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла, бо ихтисоси дўзанда – 99 нафар, қолинбофӣ - 1 нафар, попурдўз - 30 нафар фаро гирифта шуданд.
    Бо ҳамин мақсад саннаи 18.06.2020 ба 24 нафар шаҳрвандони бекор баъд аз хатми курси тайёрии касбӣ 15 нафар бо ихтисоси қаннод ва 9 нафар бо ихтисоси дўзанда, ки бо роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ сафарбар карда шуда буданд аз тарафи КВД “Филиали маркази касбомўзии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Душанбе омўзонида шуда ба онҳо  шаҳодатнома ва стипендия бо иштироки роҳбарияти ҳар ду ҷониб  супорида шуданд.
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи И.Сомонӣ                       
Бахтовари Ҷурахон