АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез

30/03/2018


Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семенар-машварат оиди омўзиш ва дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар  ҳамкории бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
 
Дар рафти семенар-машварат сараввал муовини авали директории Агентӣ баромад намуда изҳор доштанд, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз тасмим гирифтааст, ки дар партави паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуда буд, семенар-машварати мазкурро гузаронад. Ба Ҳамагон маълум аст, ки имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асри миёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.  Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҲои 2016-2020 семенар-машварат таҳти унвонии «Муборизаи муштарак бо терроризму ифродгароӣ ва тунгароии хушунатомез» ташкил намудаем. Бо Ҳамин мақсад Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморид, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кумитаҳои дахлдори мамлакатро баҳри ба маълумоти ҳозирин расонидани хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он даъват намояд.
Дар рафти семенар машварат баромадҳои намояндагони мақомотҳои болозикр шунида шуд. Аз ҷумла намояндаи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал суханрониашро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда мавзўъи терроризим ва экстремизмро чунин баён намуд: терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср буда бо номи «Давлати исломӣ» баромад намуда, аз ҷумла дар давлатҳои Ироқ, Сурия ва Яман ба чашм мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳони аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид баромад карда гуфта будаанд «Террорист ватан ва миллат надорад,». Инчунин иброз дошт, ки зиёда аз ҳаштоду панҷ дарсади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардидаанд аз давлати Россия ба давлатҳои Сурия ва Ироқ мераванд. 
Инчунин мафҳуми терроризм ва экстремизмро ба ҳозирин баён намуда,  мафҳуми терроризмро чунин шаҳр дод “Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо анҷом ёфта бошад.
Намояндаи  Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда изҳор дошт, ки ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмўи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синну солии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад. Коршиносон яке аз сабабҳои ба ҷангҳои бегона рафтани ҷавононро надоштани саводи диниву дунявӣ меггўянд. Ҳар нафаре, ки саводи диниву дунявӣ дошта бошад, ҳеч гурўҳи террористиву ифротгароӣ наметавонад, ўро ба сафи худ ҷалб созад.
Чорабиниҳои пешгирикунандаи экстремизм дар байни ҷавонон ҷанбаҳои педагогӣ,  психологӣ,  амалӣ  доранд. Аз  ҷумла  пешгирии экстремизм  дар раванди  таълим, таҳлили фалсафӣ,  таърихӣ, иҷтимоӣ,  фарҳангӣӣ, гузаронидани тадбирҳои варзишӣ  ва фароғативу маишӣ, ба вуҷуд овардани муҳити созандаи муоширати байни миллатҳо ва дину оини мухталиф барои аз назари сиёсӣ зираку ҳушёр намудани ҷавонон мусоидат  менамоянд. Маърифати сиёсӣ, динӣ ва дунявии ҷавонон бояд баланд бардошта шавад.  Корҳои фаҳмонидадиҳӣ, вохўриву сўҳбатҳо, таҳияи барномаҳои сиёсии телевизионӣ муҳимаст.  Ҳамчунин ҷоннок кардани нақши сохторҳое ки бо занон, ҷавонон корбарӣ менамоянд, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоату дигар сохторҳо барои пешгирии гароиши баъзе аз ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро муҳимаст.  Ва аз ҳама муҳимаш ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ё рафтаниянд, таҳти назорати қатъии ҳам оила ва ҳам мақомотҳои дахлдор бояд қарор гиранд.
Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадро идома дода изҳор дошт, ки масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар санаду барнома, стратегияҳо ва қарору супоришҳои махсус мебошад, ки мақсади онҳо истиқрори мақому мартабаи вижаи зан дар ҷомеа ва кўмаку дастгирии ҳаматарафаи он мебошад. 
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати гендерӣ ҷиҳати ба даст овардани баробарии гендерӣ дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки васеи занҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои занон кушишҳо намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ тадбирҳо меандешад.
Бояд тазаккур дод. ки ҷаҳони имрўза беш аз ҳарвақта ҳассосу равандҳои дар он гузаранда мушкилу пурпечутоб шуда истодаанд. Дар ин масир паҳншавии ифротгароӣ ва терроризм дар вақтҳои охир ба як зуҳуроти ташвишовар мубаддал гашта, кишварҳоро новобаста аз сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию  маънавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фаро гирифта истодааст, ки раванди ташвишовари мазкур таъсири манфии худро ба оилаҳо ва тарбияи созгори фарзандон расонида истодааст. Мутаасифона, терроризм имрўз дар ҷаҳон чеҳраи занона низ касб намудааст. 
Қобили қайд аст, ки дар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм барои солҲои 2016-2020” банди  алоҳида оид ба ҷанбаҳои гендерӣ мавҷуд аст, ки аз таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи пешгирии ҷалби занон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад. Бо мақсади татбиқи қонунгузорӣ дар ин самт ва иҷрои Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар назди Кумита ҷиҳати гузаронидани ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор Шўрои экспертӣ таъсис дода шуда, дар баробари ин, “Тартиби гузаронидани ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи хулосаи дахлдор” таҳия ва дасдиқ гардид. Ҳамзамон, Кумита дар асоси таҳлили муроҷиати хаттию шифоҳии шаҳрвандон ҷиҳати ба таҳсил, ба забон омўзию касбомўзӣ фаро гирифта шудани занону духтароне, ки бо сабабҳои мухталиф таҳсил нагирифтаанд ва ё аз таҳсил дур мондаанд, тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии ҷалби занон ва ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани нақши оила маърифати ҳуқуқии ҳар як аъзои оилаҳо, бахусус занон, баланд бардошта шавад. Намояндаи кумита аз ҳозирин даъват ба миён овард, ки моро зарур аст, дар амали намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае,  ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
 
Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ