АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мизи мудаввар дар мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

16/07/2020


         Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии шаҳри Истаравшан дар доираи баргузор намудани тадбирҳо вобаста ба «Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» мизи мудавар доир гардид. Дар мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани огоҳнокии ҷавонон ба масъалаьои ҳуқуқӣ  маълумотҳо дода шуд. 

      Дар ин чорабинӣ масъалаҳо вобаста ба шуҷли ҷавонон диққат дода шуд.  Аз тарафи корманди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баҳриддинов Н. ба ҳозирон дар бораи вазъи  бозори меҳнат, имкониятҳои дастгирии ҷавонон тавассути ба роҳ мондани фаъолияти  соҳибкорӣ ва таъсиси пойгоҳ барои рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон,  кафолати ҳуқуқи корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат  маълумотҳо дода шуд.


Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                                                                                                      дар ш.Истаравшан