АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Расонидани хизматҳои машваратӣ ба корхонаҳои шаҳри Ҳисор

16/07/2020


   Расонидани кўмаки методию амалӣ ба ташкилоту корхонаҳо баҳри татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои меҳнатӣ дар ҷараён буда,  оиди ин мавзўъ рўзи 14 июли 2020 дар ҶДММ  “Файзи Истиқлол - 2011 ”-и  шаҳри Ҳисор аз боби 7-и моддаҳои 82 – 83 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба намудҳои вақти истироҳат, танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  шуд.
    Дар корҳои фаҳмондадиҳи кормандони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва инчунин сармутахассиси нуқтаи машварати касбии  дар шаҳр фаъолиятдошта иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.
     Як лаҳзаи баргузоршави корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Файзи Истиқлол - 2011”  дар  санаи 14.07.2020
        Ҳ. Раҳимов Сардори Раёсати                                                                        
        Агентии меҳнат ва шуғли                  
        аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор