АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мазмуну муҳтавои бекорӣ: Сатҳи расмии бекорӣ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе таи даҳ соли охир

23/07/2020


Бекорӣ - яке аз падидаҳои иҷтимоию иқтисодӣ буда ба қисми муайяни қувваи кори набудани талабот дар бозори меҳнат мебошад. Пас саволе ба миён меояд, ки бекор кист? Мувофиқи қонунгузарии  соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор- ин  шахсе мебошад, ки ҷои кор надорад дар ҷустуҷўи кор аст, тайёр аст ба кор шуруъ намояд. Мувофиқи ин қонунгузорӣ мақоми бекорӣ ба касе дода мешавад, ки худро ҳамчун шахси бекор дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд мегирад.

Шахсе, ки бекор аст ва худро дар мақомоти мазкур ба қайд намегирад шахси бекор эътироф карда наметавонем. То ҳол дар ҷумҳурии мо бисёриҳо мафҳуми шуғли аҳолиро хуб дарк накардаанд. Яке аз масъалаи мубрами Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ки таи чанд соли охир дар мадди назари роҳбарият мебошад - ин  шуғли ахолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошад. Ҳама сола Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин масъаларо зери назари ҷидди қарор медиҳад. Албатта аз таваҷҷуҳи ишораҳои роҳбари давлат бар меояд, ки ин масъала то ҳол ҳаллу фасли худро пурра наёфтаистодааст.

Санади асосие, ки ба ҳалу фасли ин масъала равона карда шудааст ин  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мебошад, ки аз соли 2003 инҷониб дар таҳрири нав амал менамояд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкили сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатиро дар амали намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ муқарар менамояд.

Гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохти дигари ҷамъиятӣ яъне иқтисодӣ бозаргонӣ як қатор масъалаҳои мураккабро оиди шуғл ба миён овард. Аз навсозии таркибие, ки дар ин мамлакат дар натиҷаи ғайри давлатикунонии моликият ба амал омад, тағийротҳои  куллиеро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа сафи бекорон зиёд шуда вазъи бозори меҳнат мураккаб гашт. Қисме аз захираҳои меҳнатӣ ба муҳоҷирати  меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва дигар ҷумҳуриҳои  ҳамсоя  рафтанд.

     Таъмини шуғли пурраи аҳолӣ  танҳо  бо ёрии  механизмҳои  бозорӣ  номумкин  аст .  Ин раванд бояд  доимо аз  тарафи  давлат танзим карда шавад. Оиди танзими давлат Д. Ҷ. Кейнс олими англис  ва давомдиҳандагони корӣ ў якумин бор  нишон доданд, ки  капитализми  асри  ХХ бе танзими давлатии  иқтисодиёт наметавонад  тараққӣ кунад.  Агар К. Маркс меҳнат ва хусусиятҳои хоси зиддиятҳои  капитализми  асри ХІХ  - ро кушода дода бошад, он гоҳ Д.Ҷ. Кейнс нишон додаст, ки капитализми  асри ХХ бо ёрии давлат ва роли танзимкунандаи он дар иқтисодиёт метавонад  рушди иқтисодӣ ва  ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро таъмин  намояд.

         Дар  замони ҳозира  рушди доимии ҷойҳои  корӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ,  ки  ҷавобгуи  рўз бошанд  бояд аз истеҳсолот техника  ва техналогияи  куҳнаю фарсударо хориҷ намуда, ба ҷои онҳо техника  ва техналогияи навин, ки  ба талаботи иқтисодии  ҷойҳои корӣ ҷавобгуй  мебошанд иваз намуда то дар оянда, рушди иқтисодӣ – ичтимоии ҷамъият, инчунин дар маҷмўъ қонеъ  гардонидани  талаботҳои  рўзафзуни  шахс ва ҷамъиятро таъмин намоянд.

       Бо ҳамин мақсад сатҳи расмии бекоронӣ ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо таи даҳ соли охир таҳлил намуда дар маҷмўъ пешниҳод менамем. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳоли 3967 нафар муроҷиат намуда, нисбати соли 2010, 1381 нафар зиёд ё 153, 4 %-ро ташкил медиҳад. Шумораи расмии  умумии бекорон, яъне  ашкосе, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул  нестанд, ҷои кор ҷустуҷу доранд, дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд  3558 нафар  нисбати соли 2010, 1385 нафар зиёд ё 163,7% буда ба  608 нафар мақоми бекорӣ дода шуда, нисбати соли 2010, 62  нафар зиёд ё 111,3% , ба ҷои кор таъмин шуданд 3363 нафар нисбати соли 2010 2593 нафар зиёд ё 436, 7%- ро ташкил медиҳад.

     Аз таҳлилҳо бар меояд, ки ҳамасола афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон дар давраҳои баррасишаванда ҳудуди 1,3%, шумораи ба қайд гирифта шудагон 0,9%, мақоми бекорӣ 1,0%, ба ҷои кор таъмин шудагон 1,2 % зиёд шуда аз фаъолияти пурсамари мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ гувоҳи медиҳад.

Бахтовари Ҷурахон                                                        

мутахассиси пешбари шуъбаи     
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.