АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари омузишӣ дар соҳаи нақлиёт

27/07/2020


      Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо иттифоқи касабаи дастгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ  санаи 20 июли соли 2020 дар толори вазорати мазкур семинари омӯзишию фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хусусияти танзими меҳнати маъюбон (моддаҳои 258-263), шартномаи коллективӣ ва бақайдгирии он (моддаҳои 306-316) ва масъалаи вобаста ба паст кардани шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаи нақлиёт ташкил ва баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур 23 нафар кормандони сохторҳои дастгоҳи маркази ва зертобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, иштирок намуданд.

       Ҷаласаро раиси Иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Н.Т. ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар рафти суханрони худ доир ба фаъолияти иттифоқи касабаи соҳаи нақлиёт, сатҳи баимзорасонӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ дар корхонаҳои соҳа ва риояи уҳдадориҳо аз ҷониби тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ гуфта гузашт.

   Мавсуф дар рафти суханронии худ бо овардани иқтибосҳо аз Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин доир ба хусусияти танзими меҳнати маъюбон, бахусус, шароити кормандони маъюб ва давомнокии кори онҳо, маҳдудияти истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда барои кормандони маъюб, кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ маълумот пешниҳод намуданд.

       Дар рафти семинар мутахассиси пешбари Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Зувайдов Б. суханрони намуда, ба ҳозирин доир ба раванд ва сатҳи бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ ва масъалаҳои марбут ба паст кардани шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаи нақлиёт, бахусус нақлиёти мусофирбарии  дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият дошта (микроавтобусҳо) маълумот дод. Ҳамзамон аз иттифоқҳои касабаи соҳаи нақлиёт даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кумакҳои методӣ ба корхонаҳои соҳаи нақлиёт бо мақомоти маҳаллии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  ҳамкорӣ намоянд.

 

         Зувайдов Б.

         мутахассиси пешбари Агентии

         меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар

         ноҳияи Шоҳмансур