АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба рўзноманигорон аз фаъолият

03/08/2020


Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба иҷрои ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотї дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шуъбаю бахшҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, санаи 23 июли соли 2020, соати 15:00 дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимої ва нафақаи вилояти Суғд нишасти матбуотии сохторҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолї дар вилояти Суғд ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар нишасти матбуотии мазкур намоядагони телевизиони ШТР “Азия”, рўзномаҳои “Тоҷикистон”, “Ҳақиқати Суғд”, “Саломат бошет”, “Фараж”, “Паёми Суғд”, “Тирози ҷаҳон”, “Азия плюс”, “Суғд ҳақиқати”, “Сухани халқ”,“Набзи рўз”, “Шуғл ва муҳоҷират”, “Sputnik” иштирок намудаанд.

Дар нишасти матбуоти аз тарафи хабарнигорони васоити ахбори омма доир ба шумораи бекорон, корбарӣ нисбати шаҳрвандони тариқи авф озодгардида, тарзи додани кўмакпулӣ барои бекорӣ, равона намудан шаҳрвандон ба касбомўзони ва муҳоҷирати меҳнатӣ саволу ҷавобҳо доир гардид, ки аз ҷониби роҳбарони сохторҳои дар боло зикргардида ба саволҳои рўзноманигорон  ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Сармутахассиси Раёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар вилоят-
Наимҷон Тоҳирзода