АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

01/06/2018


Бахшида ба таҷлили «Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон 23-май», таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», инчунин эълон гардидани соли 2018 – Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 22 майи соли 2018 дар маркази вилоят шаҳри Бохтар, Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳамбастагии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин намоиши ҳунарҳои дастию мардумӣ ва дастовардҳои касбомўзони филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар даврони истиқлолият бо иштироки Раҷабов Р. С. – муовини раиси вилоят, Мирзоев Д. – сардори Раёсати иќтисод ва савдои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Навруззода А. Н. – сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Абдулозода Ф. – сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилоят ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор намуд.

Ҳамчунин чунин як чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кўлоб бо иштироки мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят гузаронида шуд.  

Дар багузории чорабиниҳои мазкур 182 ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон 2517 ҷойҳои кории холии худро пешниҳод намудаанд.

Дар чорабинии Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод зиёда аз ҳазор нафар ҷавонону занон ва шаҳрвандони корҷў аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки ба 233 нафар роҳхат дода шуд. Инчунин 368 нафар шаҳрвандони бекасб барои омўзиши касби дилхоҳ дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ тариқи ройгон номнавис гардиданд.

Ҳамчунин дар баргузории чорабинии мазкур Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, филиали Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар, инчунин филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чор моҳи соли 2018 аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ташаббуси бевоситаи онҳо дар ин давра 100 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардидаанд, ки дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо 1047 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногуни вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои бекорон 9850 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.

Дар натиҷаи баргузории  ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 1219 нафар шаҳрвандони бекори муроҷиаткунанда ба кор роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 1024 нафарашон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд, ки 428 нафарашон занон ва 516 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин зиёда аз 1000 нафар ҷавонон ба касбомўзӣ тариқи ройгон дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷалб гардиданд. Умуман тавассути баргузории чунин чорабиниҳо 3158 нафар шаҳрвандон дар чор моҳи соли равон ба шуғл фаро гирифта шуданд.

  

Насриддинов Зиёдалӣ Саидович – муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон