АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ярмаркаи ҷойҳои кории холи дар шаҳри Хоруғ

29/10/2018


     Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Намояндаи Агентии мехнат ва шугли ахоли О.Курбонов зикр кард, ки ҳадафи асосии ярмарка ба танзим даровардани бозори меҳнат ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Инчунин макомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва марказҳои калонсолони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз чунин ярмарка хоҳишмандонеро сабти ном карданд, ки азми омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ ё касбҳои дигари коргари доранд. Теъдоди чунин хоҳишмандон то ба 120 нафар расид.
Дар ярмарка ба корҷӯён дар минтақаҳои гуногуни чумхури, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шахру ноҳияҳои тобеи марказ ҷойҳои корӣ пешниҳод карда шуд.
Аз тарафи хадамоти мухочират зикр карда шуд, ки нафароне, ки хоҳиши дар Россия кор кардан доранд, ба онҳо низ роҳхат дода мешавад. Зеро мутобиқи шартнома байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумҳурии Точикистон ва сохторҳои марбутаи Россия, метавонад баъзе шаҳрвандонро барои кор ба шахрхои Москва ва Санкт - Петербург равон кунад.