АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, паҳншавӣ ва табобати сирояти нави коронавирус

14/10/2020


       Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ чиҳати пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, паҳншавӣ ва табобати сирояти нави коронавирус дар асоси фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2020, №37 “Дар бораи ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар вазорат ва сохторҳои он барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус” фармоиши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 5 марти соли 2020, №10 таҳия намуда Ситоди доимоамалкунанда ва нақша чорабиниҳо оид ба роҳ мондани корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус тасдиқ гардид.        

  Ҳамзамон аз натиҷаи ҷаласаҳо ва нақша чорабиниҳои ситоди дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 мунтазам корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар Агентӣ ва сохторҳои он санаи 12-март протоколи №1, 13-апрел протоколи №2, 8-июн протоколи №3,  13-июл, протоколи №4, 10-август протоколи №5, 21- сентябр протоколи №6 соли 2020 барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус гузаронида шуда истодааст.

    Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои тобеи он гушаҳои иттилоотӣ, қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, доимо тоза ва озода нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва долонҳои корӣ ва истифодабарии маводи хлоромин барои шустани ҳоҷатхонаҳо, дар ҷойҳои дастшўӣ собун ва дигар маводи шустушуи зиддисироятӣ таъмин карда шуда ва инчунин назорати реҷаи никобпушӣ ва гаштугузори беасоси шаҳрвандон  ва  кормандон  пурзўр  карда  шудааст.

      Илова бар ин вобаста ба масъалаи болозикр нуқтаи “алоқаи таъҷилӣ” барои тамос дар шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентӣ бо рақамҳои телефонии боварӣ 236-87-68 ва қабулгохи директор 235-15-25 (факс) таъсис дода шудааст.

       

                                                                                                        Шуъбаи ҳуқуқ