АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФИЛИАЛ ТАСМИМ ГИРИФТААСТ, КИ…

14/10/2020


     Имрўзҳо раванди фаъоли касбомўзии шаҳрвандонро бе омўзиши инклюзивӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Дар ин росто филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муштарак бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корфармоён ҳамкориҳои васеъ ва самарабахшро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе  дар ҷодаи омўзиши инклюзивӣ, яке аз онҳо мебошад.

 Бояд ёдовар шуд, ки ба наздикӣ шаҳрвандон аз тариқи омўзиши инклюзивӣ ихтисосҳои «Қаннодӣ» ва  «Дўзандагӣ»-ро аз худ намудаву омўзишро ба итмом расонида, соҳиби ҳуҷҷатҳои тахассусӣ гардиданд.

 Айни замон филиали мазкур омўзиши гурўҳҳои «Бофандагӣ» ва «Асосҳои омўзиши компютер»-ро идома дода истодааст.  Дарҷ намудан ба маврид аст, ки аз шумораи умумии касбомўзон 44 нафарашро шаҳрвандони имконияташон маҳдуд ташкил медиҳанд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ташкили раванди касбомўзии инклюзивӣ ҳамкории муштарак бо Ташкилоти ҷамъиятии «ҶМ  шаҳри Душанбе - «Имконият»»  ва Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон- «Ҳаракат»-и ноҳияи Рўдакӣ самараи дилхоҳ дод. Ин ҳамкорӣ имкон муҳайё намуд, ки ба омўзиш доираи васеи табақаи осебпазири ҷомеа фаро гирифта шавад.

Филиали номбурда тасмим гирифтааст, ки дар минбаъд низ ҷиҳати ҳарчи бештар ба омўзиши инклюзивӣ фаро гирифтани калонсолон ва маъюбон ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ таври густурда идома бахшад.