АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатӣ– рамзи озодӣ ва ифтихори халқи тоҷик

23/11/2018



      Имрўз дар бинои Вазорати меҳ
нат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба таҷлили Парчами давлатии Љумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси мазкурро муовини якуми Вазир муҳтарам Сангинзода Эмин Нуъмон ифтитоҳ карда, зикр намуданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Эҳтиром  гузоштан ба муқаддасоти  миллӣ  аз ҷумла, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, ҳамзамон донистани Суруди Миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Эмин Нуъмон, бори дигар ҳозиринро табрик карда, орзу намуданд, ки ҷилои рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи ҳар як шахс доимо парафшонӣ кунад.

Бахши иттилоотии

Агентии мењнат ва шуѓли ањолї