АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Роғун – Кохи бузурги рўшноиву саодати миллат!!!

26/11/2018




      «Роғун имрўз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандўстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!»
(Аз суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми нерўгоҳи барқи обии «Роғун» аз 16.11.2018, шаҳри Роғун)

     Бешубҳа санаи 16 ноябр барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун рўзи наҷоти миллат аз фоҷиаи нобудӣ, пирузии сафедӣ бар сиёҳӣ ва эҳёи нуру сахо то абад ҷовидонӣ хоҳад монд. Зеро маҳз дар ин рўз 16 – ноябри соли 1992 (дар иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Худованди мутаъол дуои пиру барнои кишвари ба оташи ҷанг гирифтори моро пазируфт барои роҳбарӣ ва наҷоти ин миллати куҳанбунёд фарзанди фарзонаи онро ҳидоят намуд. Бо ақлу заковати азалӣ ва заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами мо ба Сулҳу Ваҳдати комил расидем. Ватани азизамон аз вартаи ҷангу парокандагӣ раҳо ва ҳаёту зиндагии осоиштаи мардум дубора эҳё шуд. 
Дар ҳамин рузи муборак 16 – ноябри соли 2018 нахустин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд, ки орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷоамаи амал пушид. Тоҷикистони навину соҳибистиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат кореро анҷом дод, ки воқеан ҳам ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузошт. Тибқи сарчашмаҳо иншооти мазкур ҳанўз солҳои 70 – уми асри гузашта дар замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ оғоз шуда буд ва бинобар сабабҳои пошхўрии ин Иттиҳод ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо идомаи сохтмони он қатъ шуда буд. 
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ новобаста аз камбуди молиявӣ Пешвои миллат бо азму идораи қавӣ барои сохтмони ин иншооти бузург камари ҳиммат баст. Ба хотири расидан ба ин орзуву ормони деринаи миллат ҳазорон нафар  родмардони тоҷик дар сохтмони ин иншоот шабу рўз заҳмат кашиданд, синаи куҳҳоро шикофтанд, маҷрои дарёи саркаши Вахшро бубастанд. Роғун майдони далериву шуҷоат, макони қаҳрамониву фидокории ватандўстон ва рамзи рўшноию саодат ва далели соҳибтамаддунии миллати тоҷик гардид.
Аз ин дастоварди миллати тоҷик тамоми мардуми саёра истиқбол намуданд. Хабари баистифодадиҳии агрегати нахустини ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ қарор гирифт. Маросими баистифода додани иншооти мазкурро агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Германия, Россия, Япония, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қиғизистон, Ўзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд. Мутахассисони соҳаи энергетика, муҳандисон, созмону ширкатҳо ва институтҳои молиявии байналмиллалӣ ба оғози кори ин иншоот баҳои баланд дода, онро яке аз дастовардҳои нодири муҳандисӣ унвон доданд.
Мавриди зикр аст, ки баландии сарбанди НБО «Роғун» ба 335 метр расида, аз сарбандҳои баландтарини мавҷудаи ҷаҳон – «Ҷинг Пинг И» - и Чин (305 метр) ва «Гувер» - и ИМА (221 метр) пеш хоҳад гузошт. НБО «Роғун» аз 6 агрегати дорои иқтидори 3600 мегават (МВт) иборат хоҳад буд. Арзиши умумии лоиҳа 3.9 млрд доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
Бо пурра ба кор андохтани НБО «Роғун» талаботи кишвари мо ба неруи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол пурра таъмин гардида, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ хоҳад шуд. НБО «Роғун» на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти минтақавӣ дошта, барқи истеҳсолшавандаи он хонадони ҳазорон оилаи миллатҳои ба мо дўсти давлатҳои ҳамсояи минтақаро низ гарму чароғон хоҳад кард. 
Расидан ба ин дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик бори дигар шаҳодати сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пирузии миллати тоҷик муборак бошад!!!

         Дилором Саломзода корманди
        Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии 
                 Ҷумҳурии Тоҷикистон