АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳифзи меҳнат кафили ҳимояи ҳуқуқи кормандон

28/11/2018


   Чуноне, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст, дар асоси муқарароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати мо давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити хубу арзандаро фароҳам меоварад. Хушбахтона пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам қомилу ҳуқуқбунёд мардуми сарбаланди тоҷик тавонист, ки ба зиндагии орому осоишта сазовор гардад. 
   Бояд зикр намуд, ки ҳадафи ягонаи самт оид ба ҳифзи меҳнат дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин ҳифзи ҳимояи ҳуқуки меҳнати кормандон мебошад. Идоракунии ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат амалӣ мегардад, ки он уҳдадориҳои корфарморо дар соҳаи  хифзи меҳнат, ухдадориҳои кормандро оид ба ҳифзи меҳнат, кафолати иҷроиши ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнатро муқаррар менамояд. 
   Бояд тазаккур дод, ки оид ба самти меҳнат дар шаҳри Роғун 9-маротиба дар 25 корхонаву ташкилотҳои шаҳр ва ширкатҳои сохтмон, инчунин идораҳои буҷет ва дигар корхонаву ташкилотҳо бо иштироки роҳбарон ва сардорони шуъбаҳои кадрхо ва кормандон доир ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини интизоми меҳнат, вақти кор, танафус барои дамгири ва хўрокхур, андозаи ҳади ақали музди меҳнат, риояи бехатар ва ҳифзи меҳнат семинарҳои машварат гузаронида шуд. 
   Дар идораҳову ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр ва дигар корхонаву хоҷагиҳои он доир ба бақайдгирии созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кумакҳои методӣ расонида мешавад. 
         Бахши иттилоотии
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ