АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола дар мавзуъи «Паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ»

19/11/2020


   Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Қумҳурии Тоқикистон аз 30 августи соли 2019, №439 «Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» санаи 10 ноябри соли 2020 шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо кумитаи иттифоқи касабаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ бо иштироки 14 нафар кормандони муассисаи мазкур семинари омӯзишию фаҳмондадиҳӣ доир ба паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда ва тартиби бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
        Дар чорабинии мазкур аз тарафи кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия доир ба роҳҳои паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва раванди баимзорасонӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ ба иштироккунандагон маълумот дода шуд.
        Дар рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қайд карда шуд, ки фаъолияти ғайрирасмии кормандон, яъне бидуни шартномаи меҳнатӣ на танҳо ба буқети давлатӣ, балки ба худи шаҳрвандон низ  таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми корманд бе шартномаи меҳнатӣ фаъолият намудан корфармо аз музди меҳнати ӯ ба суратҳисоби мақомоти давлатии суғуртаи иқтимоӣ ва нафақа пардохти иқтимоӣ наменамояд  ва андозҳои иқтимоиро низ нигоҳ намедорад, дар ин ҳолат корманд ҳангоми аз кор озод гардидан ва ё ба нафақа баромадан аз гирифтани кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва буҷети давлатӣ аз ғани гардидан маҳрум мегарданд. Ҳадаф аз паст намудани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ ва ба шуғли расмӣ гузаронидани кормандони фаъолиядошта, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо ҳангоми бекорӣ ва ба нафақа баромадан, инчунин зиёд гардонидани манбаи андозбандишаванда баҳри ғанӣ гардонидани буқети давлатӣ мебошад.  
    Доир ба баимзорасонӣ ва бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ қайд карда шуд, ки мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд ва мақсад аз ба имзорасонидани ин санади дохили идоравӣ ин беҳтар намудани шароити меҳнати кормандон буда, баъд аз баимзорасидан бояд дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳали ҷойгиршавии корхона ба қайд гирифта шавад.
  Зувайдов Б., мутахассиси пешбари 
   шуъбаи Агентии  меҳнат ва шуғли 
     аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур