АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола дар мавзуъи “Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд”

20/11/2020


      Бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 12 майи соли 2009, №121 “Дар бораи тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ” санаи 18 ноябри соли 2020, дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
      Дар кори ҷаласаи мазкур раиси комиссия-муовини раиси вилояти Суғд - Анвар Яъқубӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намуданд.
     Дар корӣ ҷаласа ду масъала баррасӣ гардид, аз ҷумла бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва ҳолати бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ.
      Сипас маърўзаи сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Суғд – Қодирӣ А.С. шунида шуд. Қодирӣ А.С. дар баромади худ қайд намуд, ки қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1 октябри соли 2020 – 20445,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 (15596,4) – 4849,4 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. 
Қарзи музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 500,0 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 81,0, Гулистон 11943,8, Зафаробод 500,7, Исфара 2518,0, Мастчоҳ 100,0, Хуҷанд 4416,0 ва Ҷаббор Расулов 386,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бўстон, Деваштич, Истиқлол, Истаравшан, Конибодом, Спитамен, Куҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад.
     Қарздории музди меҳнат асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 1517,3 ҳазор сомонӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 14432,1, алоқа ва нақлиёт 1402,4, сохтмон 17,7, дигар хизматҳои коммуналӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ 3076,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
    Баъдан маърўзаи сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд – Нодирӣ Ш.Г. шунида шуд.  Ў дар маърўзаи худ қайд намуд, ки ба ҳолати 30 октябри соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи умумии корхона, муассиса ва ташкилотҳо 9606 адад, корхонаҳои фаъолияткунанда 8514 ва корхонаҳое, ки ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд 4159 ададро ташкил медиҳад.
    Бақайдгирии шартномаҳои коллекивии баимзорасидаи субъектҳои хоҷагидори ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо аз тарафи сохторҳои таркибии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи муқаррароти “Дастурамали тартиби бақайдгирии созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ” ба роҳ монда шуда, ин шартномаҳо дар “Китоби намунаи ягонаи бақайдгирии шартномаҳои коллективӣ” бақайд гирифта мешаванд.  
    Дар даҳ моҳи соли 2020 шумораи умумии Созишнома ва шартномаи коллективии расман бақайдгирифташуда 3995 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати корхонаҳои ҳуқуқи бастани шартномаҳои коллективидошта 96,1 фоизро дарбар мегирад.
     Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони корхона, идораю муассисаҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ дар ин давра кормандони мақомоти  меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 30 барномаҳои телевизионӣ, 44 баромадҳо тариқи радио, 32 мақола дар рўзномаҳо ва 20 маводро дар сомонаҳо инъикос намуданд.
     Ҳамзамон, дар ин давра 123 адад семинар машварат бо иштироки 2596 нафар кормандон аз 1197 корхона, 94 адад сўҳбатҳои атрофи мизи мудаввар бо иштироки 2226 нафар кормандон аз 620 корхона баргузор шуда, ба 4346 нафар корманд аз 1179 корхонаю ташкилот корҳои фаҳмондадиҳӣ ва кўмаки амалию методӣ расонида шуд.
     Дар рафти ҷаласаи мазкур гузоришҳои роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.
   Дар охири кори ҷаласа баҳри рафъи ислоҳи камбудию мушкилотҳои ҷойдошта ва иҷроиши босифати нишондиҳандаҳо дар вилоят ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Тоҳирзода Наимҷон - сармутахассиси
       Раёсати Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд.