АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Валидатсияи касбҳо вобаста ба ҳифзи меҳнат барои кормандони соҳаи сохтмон гузаронида шуд»

20/11/2020



      Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон 26 декабр соли 2019 баён доштанд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд вазифадор карда шуданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18- сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбомўзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи ваколатҳои худ баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 баён доштанд, пайваста ба воситаи марказҳои таълимии калонсолон шаҳрвандонро ба касбомўзӣ ҷалб намуда, дар соҳибкасб ва валидатсияи онҳо саҳми худро мегузорад.
    Санаи 20 ноябри соли ҷорӣ, бо супориши директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе бо иштироки сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентӣ Иброҳимзода Зубайдулло, сармутахассиси шуъбаи музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Агентӣ Абдуллоев Шариф, мудири бахши иттилотии Агентӣ Сафарова Нилуфар ва директори КВД «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» Алиев Мақсуд дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хатмкунандагони курси кўтоҳмуддат доир ба ҳифзи меҳнат семинари омўзишию машваратӣ баргузор гардид.
    Сараввал, сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба мазмуну моҳияти шартномаи коллективӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки бастани шартномаи коллективӣ дар корхона ба манфиати кор буда, ҳавасмандии кормандонро ба маҳсулнокии меҳнат баланд мебардорад. Инчунин, зикр гардид, ки дар корхонаҳое, ки шумораи кормандонашон аз 5 нафар зиёд мебошанд ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаҳои коллективӣ доро буда, баъди бастани он дар давоми 10 рўз дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда мешавад.         Баъди он ки мазмуну муҳтавои шартномаи коллективӣ ба талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат мутобиқат намуданашон аз ҷониби мутассадиёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
         Сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба мафҳумҳои зерин маъруза намуда, мазмуну мундариҷаи онҳоро ба хатмкунандагони курси кутоҳмуддат фаҳмонида дод. Аз ҷумла, кафолати ҳуқуқҳои кормандон ба ҳифзи меҳнат – шароит ва воситаҳое, ки ба корманд имконияти пурраи истифода бурдани ҳуқуқҳои тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро оид ба ҳифзи меҳнат медиҳанд; қоидаҳои ҳифзи меҳнат – санади меъёрии ҳуқуқии дорои талабот оид ба ҳифзи меҳнат, ки иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва таҷҳизоти дигар, таҳияи равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад; шароити бехатари меҳнат - шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд намебошад.
        Ҳамзамон, вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи меҳнат сармутахассиси шуъбаи музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдуллоев Шариф баромад намуда, қайд намуд, ки ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат пеш аз ҳама ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 35 таҷассуми худро ёфтааст.
          Илова ба ин, қайд гардид, ки ҳифзи меҳнат ин низоми чорабинӣ ва воситаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, техникӣ, гигиенӣ, муолиҷавӣ ва пешгирикунанда мебошад, ки бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин менамояд. Инчунин, баён гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти  давлатӣ маҷмўи тадбирҳоеро  амалӣ  намуд,  ки  онҳо заминаи  устувори  рушди қонунгузории яке аз соҳаҳои  муносибатҳои ҷамъиятӣ-ҳифзи  меҳнати кормандони  тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат гардиданд. Бо  мақсади  танзими  идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар ҷумҳурӣ Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар   бораи  бехатарии радиатсионӣ",  "Дар бораи бехатарӣ  аз  сўхтор", "Дар  бораи  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ", "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии  масуният"  ва "Дар  бораи  ҳифзи  саломатии  аҳолӣ"  қабул гардиданд, ки қабули онҳо ба фароҳам овардани шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандони корхонаю ташкилотҳо нигаронида шудаанд.
        Татбиқи  ҳуқуқҳои  конститутсионии шаҳрвандон  оид  ба  ҳифзи меҳнати  онҳо  яке  аз  самтҳои  муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, мувофиқи моддаи 349-и Кодекси меҳнат талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва талаботҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунанд. Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.
       Тибқи моддаи 350-и Кодекси зикргардида, мақомоти ваколатдори давлатӣ тайёрии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати фаъолият дар хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин менамояд.
       Ёдовар мешавем, ки давомнокии курси кутоҳмуддат дар маркази таълимии Душанбе 12 рўз буда, дар он 20 нафар дар ҳаҷми 36 соати дарсӣ ба таълим ва валидатсияи минбаъдаи он фаро гирифта шуданд. Ба хатмкунандагони курси мазкур аз ҷониби сардори раёсати ҳифзи меҳнат шаҳодатномаҳо супорида шуда, ба онҳо дар раванди кору фаъолияташон муваффақият таманно карда шуд.
   Раёсати ҳифзи меҳнати 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ