АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семенар (омўзишӣ)-и таҳти унвони «Пешгири аз бемориҳои ВНМО ва гипатити С»

28/12/2018


Семенар (омўзишӣ)-и кормандони дастгоҳҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли 2018 баён гардидааст, таҳти унвони «Пешгири аз бемориҳои ВНМО ва гипатити С» баргузор гардид.
Санаи 28 ноябри соли 2018, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқот бо кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайбурҳонов Дилшод ва Шерхонов Тоҳир Остонақулович дар мавзўи «Пешгири аз бемориҳои ВНМО ва гипатити С» баргузор гардид.
Дар ин мулоқот муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонзода Б.М., Сайбурҳонов Дилшод – муовини директори Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгири оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва Шерхонов Тоҳир Остонақулович – мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгири оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО, сардорони раёсат, шуъба, мудирони бахш, сармутахассисон, мутахассисони пешбар,  мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ, иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонзода Б.М. ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони ҷаласа кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайбурҳонов Дилшод ва Шерхонов Тоҳир Остонақуловичро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандони соҳа изҳори миннатдорӣ намуд. 
 Аз шумораи умумӣ:
7150 нафар – мард (65,9%);
3692 нафар – зан (34,1%);
 нафар – фавтидаанд (25,9%).
Дар 9 моҳи соли 2018 ҳамагӣ 832 нафар сироятёфта ба табобат фаро гирифта шуд. Бинобар ин моро зарур аст, ки нисбати пешгирии ин бемориҳо бетараф набошем.
 
Дар баромади худ Сайбурҳонов Дилшод - муовини директори Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгири оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО қайд кард, ки яке аз бемориҳои хатарноктарини ҷигар, ин вируси гепатит аст. Бо вуҷуди ин, ин беморӣ дар марҳилаҳои аввали сироятёбӣ, ҳангоми табобат метавонад пурра шифо ёбад. Вируси гепатит якчанд намуд мешавад: А, Б, С ва ғайраҳо.
Нишонаҳои бемории гепатит: ин заифӣ, ҳарорати баланд, суст шудани хўриш, қайкунӣ, дарди шикам, дарди сар ва хориши рўст мебошанд.
Дар ҷаҳон тақрибан 150 миллион одам вуҷуд дорад, ки онҳо ба вируси гепатити C сироят ёфтаанд. Ҳар сол зиёда аз 350 000 нафар аз бемориҳои гепатити C вафот мекунанд. Дар ҷаҳон ҳар сол 3-4 миллион нафар бо вируси гепатити C сироят меёбанд. 
Пешгири аз бемориҳои ВНМО ва гипатити С чунин сурат мегирад, ҳимояи худ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ, аз истифодаи маводҳои нашъадор даст кашидан ва ба табобат фаро гирифтан, агар шахс истифодаи маводи нашъадорро бо роҳи тазриқӣ давом диҳад, сипас аз сӯзандоруҳо ва дигар асбобҳои тазриқии яккаратаро якҷоя истифода набарад, дар вақти ҳар як тазриқ сӯзандоруи навро истифода барад, шахс танҳо риштарошак ва ашёҳои шахсии гигиении худро истифода барад, то ба нақшагирии ҳомиладоршавӣ ва дар давраи ҳомиладорӣ аз ташхиси тестии ВНМО гузарад. Танҳо аз сўзандоруҳои яккарата ва дигар асбобҳои тамъизшуда (асбобҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ ва ғайра) истифода бурдан лозим аст.
Бемориҳои ВНМО ва гипатити С ба ин восита намегузарад, ҳангоми даст фишурдан, ҳангоми неш задани ҳашоротҳо, ҳангоми истифодаи зарфҳои умумӣ, ҳангоми ба оғўш гирифтан, ҳангоми бўса кардан ва ҳангоми дар ҳавзи умумӣ оббозӣ кардан.
Пас биёед якҷоя бо аҳли оила, мактаб, ҳамсояву хешон баҳри пешгирии бемориҳои сирояткунанда корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида, пеши вабои асрро бигирем.
Оид ба масъалаи баррасишудааз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Сайбурҳонов Дилшод ва Шерхонов Тоҳир Остонақулович саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
Дар охир Абдураҳмонзода Б.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.
Шуъбаи ҳуқуқ