АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СОЛОНАИ ТИ “КАСБ”-и ҲХДТ ДАР МД”МТКТ”

12/01/2021


    Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” таҳти раисии раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизб, директори Марказ Сафарзода Ҷаҳонгир бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Сино Носирҷон Мирзозода, сарпарасти ташкилоти ибтидоӣ Шаҳбоз Назаров,  котиби ташкилоти ибтидоии ҳизб Сидиқов Муродалӣ ва кормандони Марказ маҷлиси ҳисоботии солонаи ТИ “Касб”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолни Тоҷикистон”, баргузор гардид. Дар маҷлис  натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ибтидоии “Касб” дар соли 2020 ва тасдиқи нақшаи кори ташкилоти мазкур дар соли 2021, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маҷлис бо сухани муқаддимавии директори марказ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас,  котиби  Ташкилоти ибтидоии ҳизб Сиддиқов Муродалӣ бо маърӯза аз рӯи масъалаи якум баромад намуд. Номбурда зимни маърӯза қайд намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии “Касб”-и ҲХДТ дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Оиннома ва Нақшаи корӣ фаъолият намуда, корҳои ҳизбиро ба сомон расонида истодааст. Ҳамчунин номбурда зикр намуданд, ки новобаста аз вазъи баамаломада, яъне бемории Covid- 19, Марказ бо филиалҳояш тавонист давоми соли 2020  30441 нафар шаҳрвандонро касбу ҳунари ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омӯзонад. Айни ҳол дар ташкилоти ибтидоии “Касб” 37 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 20 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бахшида ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳизб чораҳои заруриро андешида. Ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, дар тозаю обод гардонидани ҷойи кор ва маҳаллаҳои ноҳияи Сино корҳои назаррасро сомон бахшиданд.
     Аз рӯи масъалаи дуюм низ баромади котиби ташкилоти ибтидои Сидиқов М шунида шуд
    Дар Маҷлис аъзои ҳизб Ибрагимов И. Гурезов Фируз, Самадов Қ. Ва Саидов Саидикром музокира карда, фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш унвон намуданд.
   Дар анҷом муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Сино Носирҷон Мирзозода сухан гирифта оиди масъалахои ташвишовари рӯз, аз  қабили ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст доштани  ҷавонон ба маводи мухаддир  изҳори нигарони намуда, ҳозиринро баҳри пешгири аз ин падидаҳои номатлуб роҳнамуд сохта,фаъолияти солонаи Ҳизбро қаноатбахш ҳисобида, ҳозиринро барои фаъолияти пурсамар баҳри таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидояд намуданд. Аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул гардида, бо ҳамин маҷлис ба кори худ анҷом бахшид.