АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Касби хуб - ояндаи дурахшон

12/01/2021


    Интихоби бошууронаи касб дар ҳаёти инсон нақши ниҳоят муҳимро мебозад. Вазифаи имрўзаи ҷомеа дар замири ҳар як фард парваридаи меҳру муҳббат ба илм, касбу ҳунар ва фарҳангу маърифат мебошад, зеро шавқу ҳавас, маҳорат, обрую муваффақиятҳои зиёд зиндагии хушу гувороро ҳадя мекунад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад касберо интихоб намуда, онро дўст дорад.                                                                                                                        
    Имрўзҳо  дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як неруи бузурги бунёдкор ба пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва  ташкили неруи иқтисодиву сиёсї ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тассавур намудан душвор аст.
    Ҷавонон дар интихоби касб ба иштибоҳу шитобкорӣ бояд роҳ надиҳанд. Онҳо бояд касберо интихоб кунанд, ки ба дониш, шавқу рағбат ва маҳораташон мувофиқ бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар Паёми ироанамудаашон   ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонд, пеш равад ва дар ҷомеаи  мутамаддин мақоми арзадаи худро пайдо кунад».
    Ҳар як инсон дар зиндагӣ  касберо дуст медорад. Ҳар кас вобаста ба табъу завқи худ дар ҳар соҳаи зиндагӣ фаъолият кардан мехоҳад. Аксарияти одамон дар интихоби касб душвори мекашанд. Мехоҳанд, аз уҳдаи  ҳама касб бароянд, аммо як касбро дуруст интихоб намудану муваффақ шудан ва роҳи зиндагиро пайдо кардан на барои ҳамагон муяссар мегардад. Чаро? Намедонед магар? Донистан мехоҳед? Пас ба чанд тавсияи соҳибкори амрикои  Стив Ҷобс  таваҷуҳ кунед.
    Аввалин коре, ки бояд кунед, завқу ҳавасатонро ба инобат гирифтан аст. Яъне чи тавр? Шумо аз хурдӣ чи орзу доштед? Дар оянда аз пушти кадом касб зиндагиатонро пеш бурданӣ ҳастед? Бояд аз хурдӣ  интихоб кунеду аз пайи амалаш шавед. Нақши падару модар низ дар интихоби дурусти касбатон хеле муҳим аст. Агар онҳо аз хурдӣ завқу ҳаваси шуморо ба назар гиранду тамоми шароитҳоро барои муваффақ шуданатон муҳайё созанд, пас шумо, албатта, ин зинаи фаъолиятро бо муваффақ паси сар хоҳед кард ва дар оянда низ роҳи дурустеро интихоб карда метавонед.
   Вақте як касбро интихоб кардед, ба он ошиқ шавед. Аз он дил наканед. Ин ҳам боиси муваффақ шуданатон буда метавонад.
  Сармутахассиси нуқтаи машварати касбӣ                               
                                                                 ва интихоби касб дар ш.Ҳисор                                      
Махкамов    Шарафҷон