АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОМЎЗИШИ ПАЁМ

04/01/2019


Санаи 15 январи соли 2019, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семенар (омўзишӣ)-и бо иштироки Салоҳиддинов Солор Аловиддинович - сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳалли Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонов Шодибег Дилшодович - мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович - сармутахассиси бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  оиди омўзиш ва таблиғ намудани ташаббусҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, баргузор намуд.
Дар ин мулоқот муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонзода Б.М., Салоҳиддинов Солор Аловиддинович - сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳалли Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонов Шодибег Дилшодович - мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович - сармутахассиси бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба, мудирони бахш, сармутахассисон, мутахассисони пешбар,  мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва марказҳои таълимии системаи Агентӣ, иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмонзода Б.М. ифтитоҳ намуда, сараввал меҳмонони ҷаласаро аз номи роҳбарияти Агентӣ ва кормандони соҳа изҳори миннатдорӣ намуд.
Абдураҳмонзода Б.М. сипас қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, роҳнамо ва дастури муфид барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва заминаи воқеӣ барои шукуфоии диёр ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Тавре Пешвои миллат дар ибтидои Паём таъкид карданд, соли 2018 дар таърихи навини кишвар таҳаввулоти азим ба миён овард. Дақиқтар гӯем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми шарафманди тоҷик буд, ки дар ин сол ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.
Воқеан аз ҳама таърихиву хотирмони соли 2018 фаъол гардидани нахустин чархаи НБО "Роғун" мебошад, ки орзуву ормони даҳсолаҳои миллати тоҷик ба шумор мерафт. Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки ифтитоҳи нахустчархаи ин иншоти тақдирсози миллат "...ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад".
Дар Паём аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.
Сатҳи зиндагии мардум имрӯз куллан беҳтар гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ дар муқоиса ба соли гузашта 11 % афзуда, сатҳи камбизоати то 29,5% коҳиш ёфтааст.
Пешвои миллат стратегияи чаҳоруми миллиро эълон намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар идомаи ҳамин ҳадаф Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки "300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ" эълон карда шавад.
Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар Паёми соли гузашта соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ба ин восита, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ ва ҳунару ҳунармандӣ равнақ ёфтанд. Сарвари давлат ба хотири пурра амалӣ гардонидани ҳадафи мазкур солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Бешубҳа, дар доираи ин ҳадаф рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва некӯаҳволии мардуми деҳот таъмин хоҳад гардид.

Дар баромади худ Салоҳиддинов Солор Аловиддинович аз ҷумла қайд кард, ки падидаи дурахшони дигар дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон шудани солҳои 2019 – 2021 мебошад. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд. Ва ҷиҳати аз ҳама ҷолиб ва муҳими  ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки бад-ин васила дар кӯтоҳтарин муддат деҳоти кишвари мо симои худро дигар намудаву  боз ҳам ободтар ва сатҳи зиндагии мардум дар он шоистатар мегардад. Яъне, чунонки дар Паём омадааст, мақсад: “…беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии  мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.”
Бояд қайд намуд, ки беш аз 73% аҳолии кишвар дар деҳот зиндагонӣ мекунад. 
Айни замон, мутобиқи маълумоти марзию ҳудуии Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 шаҳру ноҳияҳо, 432 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 4224 деҳаҳо мавҷуд мебошанд.
Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии худро бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида мавриди татбиқ қарор доранд.
Инчунин Усмонов Шодибег Дилшодович дар баромади худ қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар ҷиҳат аз паёмҳои гузашта пурмуҳтаво, ҷолиб ва ҳадафмандона ироа гардид. Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон азиз соли таърихӣ ба шумор меравад. Чи хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ташаббуси беназири навбатии Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид ҷонибдории амиқ ёфт, ки ин дастоварди наҷиб, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни башарияти олам нек муаррифӣ намуд.
Дастоварди таърихии дигар ин амали гаштани орзӯи деринаи миллати тоҷик ба кор даромадани агрегати якуми НОБ-и Роғун мебошад. Баландтарин сарбанди обанбор дар ҷаҳон, ки бо меҳнати пурмаҳсули мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ ба даст омадааст яке аз шоҳкориҳои ватанӣ дониста мешавад.
Соли 2018 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва ин иқдоми нек аз тарафи кулли ҳунармандони мардумӣ ба хушнуди пазируфта шуда, ба эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар соҳаи фарҳанги кишвар низ таҳаввулотҳои зиёд ба амал омад. Ташкил ва баргузор намудани намоишҳои ҳунарҳои мардумии гуногун, Фестивал-озмунҳои аз қабили «Бозори ҳунар», «Ҷилваи чакан», «Таомҳои миллӣ», «Андалеб», дар сатҳи олӣ баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар, Рузҳои фарҳанги мамолики хориҷ дар дохили кишвар гувоҳи онанд, ки сиёсати хирадмандонаи Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи ҷабҳаҳо аз ҷумла дар самти фарҳанг аз тарафи мардуми кишвар ҷонибдории амиқ ёфтааст.
Бо икдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли 2018 дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, қасрҳои фарҳанги замонавӣ бунёд ёфтанд ва дар пойтахти кишвар шаҳри дилорои Душанбе шумораи Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба 15 адад расиданд. Дар шаҳри Бохтар театри Лухтак мавриди истифода қарор гирифта, ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Сада бо шукуҳу шаҳомати беандоза таҷлил ва баргузор намуда шуданд.
Аз Паём то Паём бо раҳнамоӣ ва ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаи фарҳанг ва санъати кишвар боз бисёр давтовардҳои наҷиб ба даст омаданд. Аз ҷумла дар боиси сарфарозии аҳли фарҳанг он аст, ки бо ҳидояти Сарвари давлат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борат рӯзҳои ид» тағиру иловаҳо ворид гардид ва минбаъд ҳамасола рӯзи 20 март ҳамчун «Рӯзи фарҳанг» таҷлил намуда мешавад.
Боиси хушнуди ва сарфарозист, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Дар доираи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст дар давоми солҳои 2019-2021, дар соҳаи фарҳанг бунёди 16 адад муассисаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар деҳоти кишвар бунёд хоҳанд ёфт. Ин икдоми неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама Пешвои муаззам аз он далолат медиҳад, ки деҳоти Тоҷикистон ба шароити шаҳрдорӣ мубаддал гардонида шавад.
Барои тақвияти гуфтаҳои худ иброз менамоем, ки ҳанӯз соли 2015 дар рафти сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи ба истифода қарор додани Қасри боҳашамати ноҳияи Ашти вилояти Суғд ширкат варзида, дар фарҷоми намоиши консертӣ эълон намуданд, ки минбаъд муассисаи мазкур ҳамчун Муассисаи давлатии Театри драмавӣ мусиқии ба номи М. Воҳидов номгузори карда шавад. Дар сатҳи як ноҳияи кишоварзӣ таъсис додани Театри касбӣ аз он далолат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат ба рушди санъати театри касбӣ таваҷҷуҳи беандоза намуда, аз он ҷумла бо ин иқдоми нек далолат намуданд, ки мардуми деҳот низ имконият доранд мисли мардуми шаҳрнишин аз намоишҳои театри бархурдор бошанд. Бунёди бинои боҳашамати Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шабеҳи Қасри фарҳанги таърихии Арбоб мебошад, гувоҳи он аст, ки имрӯз дар деҳоти кишвар бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншоотҳои бузурги фарҳангӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва санъати миллӣ ва хизматрасонии фарҳангӣ ба мардуми меҳнатдӯст хуб ба роҳ монда шудааст.
Бунёди боғҳои фарҳанги-фароғатӣ дар деҳоти кишвар вусъати тоза пайдо намуда, бо иқдоми соҳибкорони саховатпеша иншоотҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмиру тармим гардида истодаанд, ки ин аз ҷонибдории сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Дар паёми соли 2017 Пешвои миллат иброз намуда буданд, ки бояд ҷомеаро ҳарчи бештар ба муассисаҳои фарҳангӣ ҷалб намоем. Бо иқдоми Мақоми иҷроияи ..хокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли сипаригардида оғоз аз моҳи апрел то моҳи ноябр рӯзҳои истироҳат шанбе, якшанбе дар вақти муайян бо ширкати санъаткорони касбӣ ва санъаткорони шуъба ва бахшҳои фарҳанг дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии пойтахт, ки шумораи онҳо имрӯз фақат дар шаҳри Душанбе 15 ададро ташкил медиҳад барномаҳои гуногуни фароғатӣ ташкил ва баргузор намуда шуд. Ҳамин гунна тадбирҳои фарҳангӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда шуд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузории даҳҳо чорабиниҳои гуногунмазмун, Фестивалҳо, Фестивал- озмунҳоро дар мавзӯҳои мухталиф ба нақша гирифтааст.
Ҳамзамон аз ҷониби Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович қайд карда шуд, ки мо кулли кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фараҳмандем.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола қайд карданд, ки "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.
Дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои инфрасотхторӣ ва барномаҳое ҳастанд, ки барои амалисозии онҳо як сол басанда нест. Бинобар ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат воқеан ҳам саривақтӣ буда, ба рушди устувори соҳа оварда мерасонад.
Дар баробари ин, соли ҷорӣ "Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030" қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то хадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар ин самт ҳамкориҳои муфид байни вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуданд.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад.
Воқеан ҳам эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" барои рушди минбаъдаи устувори сайёҳӣ заминаи воқеӣ гузошт.
Дар ин давра як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд. Аз ҷумла портали ё сомонаи миллии сайёҳии мамлакат бо 5 забон омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуд. Ба ин васила соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид.
Бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Пешвои муаззами миллат то имруз 75 ширкати нави сайёҳй таъсис дода шуда, ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд ва шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 адад расонида шуд.
Бо истифода аз имтиёзҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ 9 лоиҳа, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ, роҳи танобӣ мавриди татбиқ қарор дода шуданд.
Дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ аз хизматрасониҳои 297 меҳмонхона, 94 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо 58 гушаҳои иттилоотии сайёҳӣ истифода намуданд.
Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳй" дар таҳрири нав ва "Дар бораи ҳунармандӣ" таҳия карда шуданд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат имсол ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар бозорҳои нави ҷаҳонӣ - намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ иштирок намуда, санадҳои зиёди ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари биҳиштосои мо ба имзо расонида шуданд.
Дар баробари ин, захираҳои бузурги сайёҳии Ватанамон дар дохил ва хориҷи мамлакат ба таври васеъ муаррифӣ карда шуда, барои ҷалби сайёҳон заминаи мусоид гузошт.
Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст ва соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаҳои беҳтарини кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз руи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда миннатдории самимии тамоми кормандони соҳаи сайёҳии ҷумҳуриро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани солҳои 2019- 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" иброз намуда, тамоми кушишу ғайрат, неру ва донишу малакаи худро баҳри амалисозии ҳадафҳои эълоннамудаи Пешвои муаззами миллат равона хоҳем кард.
Оид ба масъалаи баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муҳтарам Салоҳиддинов Солор Аловиддинович, Усмонов Шодибег Дилшодович ва Қурбонов Абдукарим Абдухолиқович саволҳо дода шуда ва ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд гирифта шуд.
Дар охир Абдураҳмонзода Б.М., ба меҳмонон бори дигар барои иштирокашон ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва тамоми иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, бовар кунонид, ки минбаъд ҳамкориро бо онҳо идома хоҳанд дод.
 
 
 Сармутахассиси
 шуъбаи ҳуқуқ  
 Беков С.С.