АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ вобаста ба Паёми Президент

16/02/2021


   

       Санаи 15 феврали соли 2021 бо иштироки  сарпарасти соҳа- муовини якуми Вазири меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода  Абдуғаффор Азиз барои  кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҷамомад вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
      Дар оғози ҷамомад директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода  Бобохон  Хол  ҳозиринро  хушомад  гуфта ҷамомадро кушода эълон намуданд.
          
           Зимни баромади худ муҳтарам Абдуғаффор Азиз вобаста ба масъалаҳои муҳими дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  дарҷ гардида  суханрони намуда, ҷиҳати таҳким ва тақвияти фаъолият дар самти хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ба аҳолӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
      Дар фарҷоми ҷаласа директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ суханрони намуда қайд карданд, ки кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳу илҳоми тоза гирифта, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд то ин, ки нуқтаҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим баён гаштаро дар амал ҷорӣ намоянд ва барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад ин васила дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.
  


Мутахасиси бахши иттилооти 
Раҷабова З.Б.