АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОН

17/02/2021


        Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба маълумоти  шаҳрвандон  мерасонад, ки тибқи нақша – чорабиниҳо дар Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳафтаи равон баргузор мегардад (оғози чорабинӣ соати 9:00).
Аз ҷумла дар шаҳру  ноҳияҳои Дустӣ 16.02.2021, ш.Левакант 16.02.2021, Ёвон 16.02.2021, Кушониён 17.02.2021, ш. Кӯлоб 17.02.2021, Шаҳритус 17.02.2021, Ҷ.Балхӣ 18.02.2021 ва ш. Норак  18.02.2021  ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. 
        Аз ин лиҳоз  шаҳрвандони корҷуйе, ки хоҳиши дарёфти  ҷойи кор ва ё ба касбомӯзӣ, фаро гирифтан доранд метавонанд дар ин ярмаркаҳо иштирок намоянд.