АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар раванди пешгирии шуғли ба қайдгирифтанашуда ва кор бе шартномаҳои меҳнатӣ

18/02/2021


     
      Дар шаҳри Ҳисор низ ба мисли дигар минтақаҳои ҷумҳури бозори меҳнат се ҷузъа: - аз шуғли расмӣ, ғайрирасмӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ иборат мебошад. Бинобар сабаби аз тараф корфармоён, кормандон ва дигар шаҳрвандони дар ҷустуҷуи кор, риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ба зиёдшавии шуғли ғайрирасмӣ замина гузоштааст.
Дар ин раванд баҳри таъсирасонӣ ба кам шавии шуғли ғайрирасмӣ  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №439 “Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023” тасдиқ гардидааст, ки дар асоси санади мазкур, қарори дахлдори Раиси шаҳри Ҳисор ба тасвиб расида, мавриди иҷроиш қарор дорад. 
Қариб дар ҳамаи вохӯрию ҷаласаҳое, ки аз тарафи раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо корхонаю ташкилотҳо баргузор мегардад ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимои нигаронида  шуда  баҳри пешгирии шуғли ғайрирасмӣ ва кори расмӣ ба кормандону корфармоён корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастуру супоришоҳои дахлдор дода мешаванд. 
Аз ҷумла, дар санаи 17 феврали  соли ҷорӣ чунин вохӯри дар ҶДММ “Абдураҳмон Строй”, ҶДММ “Сохтмон 2019”  ва бо шаҳрвандоне, ки тавассути бозори мардикори дар шаҳри Ҳисор ба таври фавқулодавӣ амалкунанда ҷойи кор меӣўянд, корҳои фаҳмондадиҳию дастурдиҳӣ гузаронида шуданд.
Ба иштироккунандагони вохӯриҳо фаҳмонда дода шуд, ки ҳангоми бе бастани шарномаи  меҳнатӣ  кор кардан мумкин набуда, кормандро ба шуғли ғайрирасмӣ  водор намуда, аз имтиёзҳои меҳнатӣ бархурдор нашуда, меҳнати кардаи худро ҳифз карда натавониста, ҳангоми дучор шудан ба беморӣ, гирифтани зарари ҷисмонӣ ва ё ҳисоби нафақапулӣ низ зарари моддӣ мебинад.
Пурсиши интихобии қариб 60 нафар мардикорони корҷуяндаи бозори мардикори шаҳр муайян намуд, ки на кам аз 50 фоизи мардикорон аз шаҳрраку деҳаҳои шаҳри Ҳисор, ба пурсиш фарогиршуда  40 нафари онҳо касбу ихтисос ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоранд. 
Бо мардикорон оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи муҳити атроф, коста нагардонидани ҳусни шаҳрдорӣ,  риояи масъалаҳои тозагию  саломатӣ, амният ва ҳифзи меҳнати онҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, кормандону мардикорон ба фаҳмидани мавзӯъҳои меҳнат ва шуғлноки  шавқу мароқ зоҳир намуда, ба саволҳои пайдошудаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 
Саволҳо асосан аз тарзи тартибдиҳӣ ва шартҳои қатъи шартномаҳои меҳнатӣ, оид ба  рӯзҳои истироҳат ва давомнокии кору пардохти музди иловагӣ, масъулиятҳо ҳангоми ба кор қабулкунии корфармо бе шартномаҳои меҳнатӣ, масъулияти корманд ҳангоми машғулият дар шуғли ғайрирасмӣ ва бақайдгирифтанашуда,  тарзу мӯҳлати кушодани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ғайраҳо иборат буданд.
Иштироккунандагон оид ба самтҳои хизматрасониҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолҳ дар шаҳри Ҳисор маълумотҳо гирифта ба онҳо ҷиҷати ба кори расмӣ ҷалб шудан, тавсияҳо  дода  шуданд.
   



Муовини сардори Раёсати 
Агентии  меҳнат  ва шуғли 
аҳолӣ   дар  шаҳри   Ҳисор