АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

мизи мудаввар

31/03/2021


       

 
      Дар моҳи марти соли 2021 дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 2 августи соли 2014, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» инчунин иҷрои банди 10-и Нақшаи чорабиниҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 26-уми январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон  ва итилоотонии онҳо дар мавзуъҳои «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон» ва «Нақши падару модар дар тарбияи фарзанд».
        Носирзода  Д.М.,- муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мизи мудавварро оғоз намуда, қайд намуданд, ки  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз  ҳамкориҳои  судманди дуҷониба ба роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
       Агентии меҳнат ва шуғли  аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки оид ба иҷрои банди 10 Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ семинари омузишӣ ҷиҳати татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати гирифтани пеши роњи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, дар мавзӯи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон»,  инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷиҳати  пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои  миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд,  дар мавзӯи «Нақши падару модар дар тарбияи фарзанд»  баргузор намояд. 
       Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Агентӣ  ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тибқи муқаррарот ба роҳ монда, барои ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Дар иртибот ба ин зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи мақомоти Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият тибқи нақшаҳои корӣ ва нақшаи чорабиниҳо сурат гирифта, рафти иҷрои он мунтазам дар маҷлисҳои назди раиси Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ мавриди муҳокима ва хулосабарориҳо қарор дода мешавад.
 Носирзода Д.М., суханро ба Сафарзода Диловар, мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъанаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доданд.
Сафарзода Диловар қайд намуд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зиёда 13 сол сипарӣ гардидааст. Таҷриба собит сохт, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо таввасути қонуни миллӣ, бениҳоят саривақтӣ ва амри зарурӣ буд.
Аҳамияти қонуни мазкурро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштанд: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Дар афкори умум ва расонаҳои иттиоолотӣ доир ба қонуни миллӣ андешаҳою мулоҳизаҳо гуногунанд. Аксари муаллифон дар мақолаҳою нигоштаҳояшон нақши муассири қонунро дар пешгирии исрофкорӣ, беҳтаршавии дараҷаи некуаҳволии мардум, ҳарчи бештар ба низоми зиндагии шаҳрвандон ворид шудани он баён намудаанд. Омӯзиши масъала ва таҳлили ҳарсолаи коршиносон ва мутахассисони соња собит месозанд, ки амалисозии чунин қонун аз ҳар ҷиҳат ба мардуми мо манфиат оварда, он барои тадриҷан аз байн бурдани маъракаю маросими хурофотию падидаҳои манфии иҷтимоӣ мусоидат намуда истодааст. Бояд таъкид намуд, ки ягон модда ва талаботи Қонуни  мазкур ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд ва фармудаҳои  шариати исломӣ низ мухолифат надорад.
Қонуни мазкур дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ боиси ҳифзи молу мулки мардум гардид. Пеши роҳи исрофкориҳо гирифта шуда, ба мардуми оддӣ шароит муҳайё карда шуд, ки мол ва дороии худро ба самти дурусти иќтисоди оилавӣ равона карда, маърака ва маросимҳои худро бидуни вазнинӣ дар доираи имкониятҳои молиявиашон гузаронанд. Бо камхарҷ гузаронидани маъракаҳо дар буҷаи хонаводаи сокинони кишвар миллиардҳо сомонӣ нигоҳ дошта шуд. Аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда шаҳрвандон имкон пайдо карданд, ки шароити моддию маишии оилаи худро беҳтар намуда, ба тарбияи фарзандон аҳмияти бештаре зоҳир намоянд. Инчунин қонун ба шаҳрвандон имкон дод, ки маъракаҳои худро дар муддати кӯтоҳтар баргузор намуда, аз ин лиҳоз ҳам вақт ва ҳам дороияшонро сарфа намоянд. Илова бар ин ҳисоботи оморие, ки аз ҷониби комиссияҳои доимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мо пешниҳод мегардад, маълум гардид, ки забҳи чорво дар маъракаҳо кам гардида, аксари мардум маърака ва маросимҳояшонро бо харидани гӯшт аз дукону бозорҳо тавонистанд, барпо кунанд.
Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари мақоми ваколатдор Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо шањру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 503 комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим амал менамоянд.
Илова бар ин тибқи моддаи 51-и  қонуни мазкур дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид гардид, ки : “Мову Шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ нанамоем”. 
Дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат бояд намунаи пайравӣ, марому дастури ҳар як фарди соњибхирад ва ватандӯсти кишвар бошад.
       Сипас Носирзода Д.М., суханро ба мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Қаюмова Муҳайё, доданд.
        Қаюмова Муҳайё дар сухнронияш қайд намуд, ки воқеан оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро мебозад, зеро мактаби аввалини фарзанд оила аст. Инсон оила барпо менамояд, фарзанд ба дунё меорад онро тарбия мекунад ва ба пайванди наслҳо нақш мегузорад. Тарбияи дурусту ҳамаҷонибаи фарзанд кори саҳл нест. Шабзиндадориҳою меҳрубониҳо мехоҳад, заҳмату масъулият металабад. Аз ин ҷост, ки масъулияти тарбияи фарзанд, ҳамеша мубраму муҳим буд ва  боқӣ хоҳад монд, зеро он ба ҳастии инсон ва инкишофи маънавии шахс алоќаи зич дорад.
      Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрванди ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, ки то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозира ба эътидол оварда шавад. 
    Тарбияи кудакро бояд боназардошти табиати ӯ  ва муҳит ба роҳ монд. Аз ин рӯ мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳмиши кӯдак буда, он набояд ба воситаи маҷбурӣ ва зурӣ танбеҳ амалӣ  шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки наќши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кудак маҳсуб меёбад. Бо ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба уҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра тарбияи кудакро  масъалаи сода шуморад ва дар тарбияи фарзанд саҳлгорӣ намояд, пас аз кудак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шуд.
    Имом Муҳамади Ғазолии Тӯсӣ дар асари бузурги худ “Насиҳат-ул-мулк” фармудааст: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб мусаффо хоҳад шуд”.
     Бо такя ба панду андарзњои гузаштагони орифон, хираду заковати азалии миллати тоҷик, маънавиёти ғанӣ,  суннатҳои ҳазорсола ва арзишҳои волои умуми башарӣ, риояи ҳуқуқи кудакон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ин ҳадафи бузург муваффақ хоҳем шуд ва баҳри он кушиш созем, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, худшиносӣ, содиқ будан ба халқу ватан, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбият кунем.
Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ба муттахассисони соҳа саволҳо дода шуда, ба онҳо ҷавобҳои қаноатманд дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур, муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода ДМ., меҳмононро барои иштироки фаъол ва суханрониҳои пурмуҳтавояшон аз номи роҳбарияти Агентӣ ва иштирокчиён бори дигар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки минбаъд ҳамкориро бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  барои татбиқи қонунҳои болозикр ҳамкориҳоро идома медиҳад.



                                                            
       Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии
            Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ