АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОН

06/04/2021


Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба маълумоти  шаҳрвандон  мерасонад, ки дар Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳафтаи равон баргузор мегардад (оғози чорабинӣ соати 9:00).
Аз ҷумла дар шаҳри Бохтар 6.04 .2021, ноҳияҳои Муъминобод, Панҷ 06.04.2021 ноҳияҳои Носири Хисрав, А.Ҷомӣ 07.04.2021 ноҳияҳои Хуросон, Ҳамадонӣ 08.04.2021 ва ноҳияҳои Балҷувон, Фархор 09.04.2021  ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. 
        Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дарёфти ҷойи кор  ва ё ба касбомӯзи фаро гирифтан доранд  метавонанд дар ин ярмаркаҳо иштирок намоянд.