АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси умумии кормандони МД «МТКТ» оиди пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ!

06/04/2021


     Санаи 6.04.2021  маҷлиси умумии кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» маҷлиси умумӣ оиди пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани  ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баргузор гардид.          Дар маҷлис оиди масъалаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 санҷиши ҳолати иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»- ро мавриди баррасӣ  қарор доданд.
      Маҷлисро муовини директор Авғонова М. И., ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки аз рўи таҷриба масъалаи пешгирии коррупсия яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия буда, татбиқи амалии талаботи меъёрҳои моддаи 22 Қонуни номбурда низ яке аз самтҳои асосии пешгирии коррупсия дониста мешавад. Дар ин модда ҳолатҳое, ки барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳамчун мамониат маҳсуб меёбанд, пешбинӣ гардидааст.
        Дар давоми маҷлис муовини директор оид ба таълим Ибрагимов Ибрагим моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»- ро мухтасаран таҳлил  намуда, зикр кардан ки,  шахс дар мавридҳое, ки агар барои содир намудани ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ дошта бошад, барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад ва ё дигар меъёрҳои дар Қонуни мазкур зикргардидаро вайрон карда бошад наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробркардашуда таъин ё интихоб шавад.
        Дар фарҷом миёни кормандон доир ба масъалҳои болозикр андешаронӣ сурат гирифта, ба суолҳои худ посух гирифтанд.






Муовини директор
Ибрагимов    И.