АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили Иди меҳнат

25/01/2019


      Таҷлили рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ ин рўз, дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлисро Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тағойзода Сумангул Саид  оғоз намуда, хозиринро бо ин рўзи касбӣ самимона шодбош намуданд. 
     Инчунин, аз ҷониби Вазири муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид кормандони собиқадори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мукофотхои соҳавӣ нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи меҳнат» муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сарфароз гардонида шуд, ки Мирзоева Сабоҳат Сайфиевна мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва коргузории раёсати ташкилии дастгоҳи марказӣ
Қодиров Анваршо сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва «Ифтихорнома» - и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфазор гардонида шуд, ки Азизбеков Абдуҳалим Давлатшоевич мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт Маҳкамов Абдушукур Ҷалолович муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шахри Ҳисор ба охири маҷлис Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳаммаи кормандонро бо рўзи касбӣ самимона табрик намуд.