АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Басе муфид буд

20/02/2019


Тибқи Нақша-чорабини  шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ С.Бодомов дар ҳузури роҳбарон ва кормандони хоҷагиву муассисаҳо ва корхонаҳои ноҳия вохурию суҳбатҳо доир намуданд. Дар вохӯрӣ дар қатори роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, сармуҳосибон, сардорони шуъбаҳои кор бо кадрҳои ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, роҳбарони  хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативӣ низ ширкат варзиданд. 
Дар вохури талаботҳои моддаҳои 154 ва 156-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мактуби  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 
Ҳар як фарде, ки дар ташкилоту муассисаҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд, донистани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо зурур аст. Чуноне, ки Бодомов С. қайд намуд вақте, ки Кодекси мазкурро меомўзӣ, вазифаҳои ба зимма  гузошта,  вақти кор, соатҳои дар кор будан ва дар ҳар ҳолат бошад ҳаққи меҳнататро пурра талаб карда метавонӣ  ва инчунин илова кард, ки Моддаҳои -154 ва 156 «Оиди пардохти изофапулӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид», «Пардохти музди кори шабона», «музди меҳнатӣ корбайъ, вақтбайъ ва соатбайъ»  маълумоти возеҳ ва муфассал медиҳад.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки  модддаҳои мазкур оиди ҳар соати кори  шабона, пардохти музди меҳнат ҳангоми кори шабона, андозаи мушаххасӣ пардохти ҳаққи кор бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз тарафи корфармо ва дигар масъалаҳоро ҳадафи худ қарор додааст. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар амал татбиқ намудани талаботҳои Кодекси мазкур баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гардидани зиндагӣ мусоидат мекунад. Риояи он ва маълумот доштан дар борааш барои ҳар як фард зарур аст, зеро Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст.
Мутасаддиёни чорабинӣ бори дигар ба иштирокчиён оид ба паҳлўҳои Кодекси мазкур мубодилаи афкор намуда, муҳтавои моддаҳои онро ҳаматарафа маънидод намуданд.
Чорабинии созмондода,  барои ғанӣ гардонидани малакаи ҳуқуқӣ  ба маврид буд, зеро иштирокчиён ба бисёр савол ва пурсишҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд. 
Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо басо бамаврид ва рузмарра буда, барои боз ҳам бештар ташкил ва омода намудани чунин вохуриҳо корҳоро ҷоннок намудан лозим аст.
     
     
      Бахши иттилоотии 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ