АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Шуғл»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

20/02/2019


Санаи 19 феврали соли 2019  дар Агентии меҳнаи ва шуғли аҳолӣ маҷлиси   ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Шуғл» - и Агентии меҳнат, шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Чуноне ки ҳамагон огаҳӣ доред, 7 феврали соли равон дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд дарҷ намуд, ки дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар соли 2018 мавриди баррасӣқарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сарвари муаззами Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзномаи маҷлисро оид ба “Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2019”-ро ба муҳокима гузоштанд.
Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосӣ, яъне ҷавҳару меҳвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Зикр гардид, ки «мо ҳоло дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб барои сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шудани кишварамон талош дорем, хусусан бунёди корхонаҳои бузурге, ки барои баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард».
Қайд гардид, ки дар шароити феълӣҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор аъзо дорад, ки 220 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора беш аз 176 ҳазори онҳо ҷавонони аз 18 то 30 сола мебошанд, ки муҳаррики ҳизб буда, дар пешрафти ҳаёти имрўзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд.
Ба таъкиди Сарвари муаззамиҲизбамон, боло бурдани обрў ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Имрўз ҳизб бақувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум бояд расидагӣ кунад.
Дар навбати худ ташкилотҳои ҳизбӣ, аз он ҷумла ташкилоти ибтидоии мо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дўст доштани Ватан – Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.
Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату ҳукумат, такмил додани низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандўстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва таъкид гардид, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2019 баён доштанд, бояд дарҷ намуд, ки дар кори минбаъдаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Шуғл» - и Агетии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли 2019 Нақшаи кор аз ҷониби ТИ «Шуғл» - и Агентӣ аз 10 январи соли ҷорӣ ба тасвиб расидааст, ки аз 13 банд иборат мебошад.
Тибқи корҳои банақшагирифташуда эҳтиромона ба маълумот мерасонам, ки аъзои ташкилоти мо дар бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, сохторҳои системаи он ва дар байни аҳолӣ, таъмини иштироки фаъолонаи дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бахшида ба Иди Модарон, Наврўзи байналмилалии соли 2019, 22 – юмин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ, 28 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва дигар чорабиниҳо, ҳамчунин якҷо вобаста ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз Паёми Сарвари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеояд, зиёд намудани шумораи сифатани аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон – кормандоне, ки нав ба Агентӣ ба кор омадаанд, саъюкўшишнамоем.
Бахши иттилоот
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ