АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

07/06/2021



         Ахборот аз рафти баргузории мизи мудаввар оид  ба  татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар, барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ санаи 3 июни соли 2021, оид ба  татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада, мизи мудаввар бо иштироки Боймуродов Камолиддин Шокирович– духтури эпидемиологи шуъбаи мониторинги арзёбӣ ва баҳодиҳии МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Майори хизмати назорати маводи нашаъаовар Шарифзода Нуриддин Меҳриддин -         Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намуд.
     Бояд қайд намуд, ки Агентӣ дар асоси қарори болозикр ва Фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиш ва Нақшаи  чорабиниҳои             Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба иҷрои фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 аперли соли 2021, №35 “Дар бораи тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали  соли 2021, №50 “Дар  бораи  барномаи миллӣ  оид ба муқовимат ба эпидемияи  вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии  масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  15 апрели соли 2021, №8 таҳия ва тасдиқ намуда бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандони Агентӣ ва систеами он бобати хавфи вируси бемории ВНМО, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни кормандон мебошад. 
       Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби марказҳои таълимии системаи Агентӣ ҷиҳати иттилоотонӣ ва огоҳонии шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон, ҷавонон, занон, баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотонии  онҳо оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ  вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар, барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон  ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи башар гардидааст, дар байни касбомӯзони марказҳо ва филиалҳои он мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида, ҳамзамон дар ин мавзуҳо дарсҳои кушод ташкил карда шудааст.
        Мақсади Қарор ин муқовимат ва пешгирӣ аз эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада мебошад.
        Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оид ба масъалаҳои ҷинояткорӣ  вобаста ба ВНМО, нигоҳ доштани маводи нашъаовар барои истифодаи шахсӣ, истифодаи чораҳои альтернативии ҷазо, табобати маҷбурии нашъамандон ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада, зери назорат қарор дода, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас  чораҳои заруриро амалӣ менамояд. 
                        



                        Сармутахассиси  шуъбаи ҳуқуқ                                   
                        Курбанова Н.С.